Ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидааст

Санаи 22 майи соли ҷорӣ раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Зубаиров Илҳомҷон Идрисович –23 августи соли 1986 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, маълумоташ миёнаи махсус, ихтисос ронанда, кори расмӣ надорад, оиладор соҳиби се фарзанд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Зубаиров И.И. санаи 21 майи соли 2019 тақрибан соати 13:18 дақиқа дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Ситроен Немо» рақами қайди давлатиаш 9918НН01-ро идора намуда, бе иҷозатномаи махсус ба мусофиркашонии музднок машғул шудааст.

Зубаиров И.И. худашро гунаҳгор ҳисобида баёнот дод, ки дар ҳақиқат санаи 21-уми майи 2019 сол, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Гуноҳи Зубаиров И.И. бо вуҷуди ба гуноҳаш иқрор будани ў, бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот гардид.

Суд кирдори Зубаиров И.И.-ро бо моддаи 510 кисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад тасниф кард, зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17.05.2004 сол таҳти №37 барои мусофиркашонии музднок доштани иҷозатнома зарур аст.

Вақти интихоби андозаи ҷазои маъмурӣ суд ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, Зубаиров Илҳомҷон Идрисовичро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ба андозаи даҳ нишондиҳанда  барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримаи маъмурӣ, бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.