Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс гардид

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷурабек дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовна, 31 январи 1987 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор, соҳиби се фарзанд, пеш суд нашудааст, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 131 қисми 2 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки судшаванда Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовна санаи 26 сентябри соли 2020, тахминан соати 10:00 дақиқа бо мақсади ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, ки ба одамрабоӣ ё ғасби гаравгон алоқаманд намебошад, нисбати шахси бараъло ноболиғ, фарзанди хурдсоли шаҳрванд 11 майи 2018 соли таваллудаш ғайриқонунӣ дар манзили истиқоматии худ дар дохили ҷевон нигоҳ дошта, барои ба мақсади худ ноил шудан ба падари хурдсол нома навишта таҳдид намудааст, ки завҷаашро ҷавобашро дода аз хона пеш кунад ва ба ӯ барои иҷро кардани ин амал як соат муҳлат додааст, дар сурати иҷро накардан фарзандашро дигар намебинад.

Судшаванда Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовна дар маҷлиси судӣ дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 131 қисми 2 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, ки ба одамрабоӣ ё ғасби гаравгон алоқаманд намебошад, нисбати шахси баръало ноболиғ худашро пурра гунаҳгор шуморида, тибқи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости хаттӣ дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ пешниҳод кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ тарафдори қонеъ намудани дархости судшаванда гардида, хоҳиш намуд, ки дархост қонеъ карда шуда, парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ карда шавад.

Намояндаи қонунии ҷабрдидаи хурдсол дар мурофиаи судӣ дархости судшавандаро ҷонибдорӣ намуда, баён намуд, ки айни замон ӯ нисбати судшаванда ягон даъво надорад. Аз суд хоҳиш намуд, ки дархости судшаванда қонеъ карда шуда, парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ карда шавад. Нисбати судшаванда ҷазо дар асоси қонун таъин карда шавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо таҳти баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ӯ маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираҳои судӣ гузарад.

Суд муайян намуд, ки эътирофи судшаванда маҷбурӣ нест ва лозим шуморид, ки мурофиаи судиро бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ намояд.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовна дар содир намудани ҷинояти мазкур, гуноҳи ӯ бо дигар маводҳои парванда тасдиқи худро ёфтааст.

Аз ин рӯ, суд кирдори Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовнаро бо моддаи 131 қисми 2 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, ки ба одамрабоӣ ё ғасби гаравгон алоқаманд намебошад, нисбати шахси баръало ноболиғ, банду баст кард.

Раводиди қисми 2-и моддаи 131 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ  ба муҳлати аз се то панҷ сол пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ нисбати судшаванда Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовна хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ва талаботҳои қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ”-ро ба инобат гирифта, Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовнаро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 131 қисми 2 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин кард.

Чораи пешгирӣ нисбати Хоҷаева Раъно Талбакшоҳовна забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли зист тағйир дода шуда, ӯ аз толори маҷлиси судӣ ба ҳабс гирифта шуд.