Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

16 июли соли 2019 суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда, судя  Исозода Х.И., бо котибии Мартабшозода Фаридун, бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Одиназода Ғ.Х., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Тураев Маъруф Джурахонович 11 марти соли 1975 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бе ҳизб, доғи судӣ надорад, оиладор, муваққатан бекор, сокини шаҳри Леваканди вилояти Хатлон, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Тураев Маъруф Джурахонович дар чунин ҳолат даст ба содир намудани ҷинояти қасдона айб эълон гардида буд:

Чунончи,  ў санаи 07 феврали соли 2019 бо мақсади харидорӣ намудани маводи нашъадори навъи “ҳашиш” бо Ҳазратқулов Ниёзали дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон вохўрда, маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ пули нақдро барои дар оянда харидорӣ намудани маводи нашъадор ва истеъмол намудани он гирифта, ба назди бародараш Тураев Орифджон Джурахонович рафта ва ба маблағи мазкур маводи нашъадори навъи “ҳашиш” харидорӣ намуда, ба назди номбурда баргашта, як қисми маводи нашъдори мазкурро якҷоя истеъмол намуда, боқимондаашро ба Ҳазратқулов Ниёзали додааст. Ҳазратқулов Ниёзали маводи нашъадори мазкурро бо худ гирифта, худи ҳамон рўз бо мақсади дар оянда истеъмол намудан, ғайриқонунӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода, дар хиёбони Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе мақсади истеъмол намуданро кардааст, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳазратқулов Ниёзали дастгир карда шуда, ба ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дастрас карда мешавад. Зимни кофтуквои шахсӣ аз Ҳазратқулов Ниёзали дар 20 (бист) бастаи селофани боқимонда миқдори воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ёфта гирифта шудааст. Сипас худи ҳамон рўз Тураев Маъруф Джурахоновичаз тарафи кормандони милитсия дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дастгир карда шуда, ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дастрас карда мешавад.

Судшаванда Тураев Маъруф Джурахонович дар маҷлиси судӣ дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, худашро пурра гунаҳгор шуморида, аз кирдори содирнамудааш изҳори пушаймонӣ намуд.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда Тураев Маъруф Джурахонович гуноҳи ў бо дигар далелҳои парвандаи ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Тураев Маъруф Джурахоновичро бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ нисбати судшаванда Тураев Маъруф Джурахонович хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ва талаботҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ”-ро ба инобат гирифта, Тураев Маъруф Джурахоновичро бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон умумӣ таъин кард.