Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаи нашъадор бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Ҳамидзода М.М. санаи 3 апрели соли 2019 дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суд парвандаи ҷиноятиро нисбати  Ҳазратқулов Ниёзалӣ, 08 июни соли 1953 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, соҳиби шаш фарзанд, доғи судӣ надорад, вакил нест, бе ҳизб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсупова, деҳаи Сарқамиш бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард:

Ҳазратқулов Ниёзали санаи 7 феврали соли 2019 бо мақсади харидорӣ намудани маводи нашъадори навъи «Ҳашиш» бо як шиносаш дар вилояти Хатлон шаҳраки Леваканд вохӯрда, барои харидорӣ намудани маводи нашъадор маблағи 1000 (ҳазор) сомониро додаааст. Худи ҳамон лаҳза шиноси ӯ маблағи пули мазкурро гирифта ба назди бародараш рафта, ба маблағи мазкур маводи нашъадори навъи «Ҳашиш» харидорӣ намуда ба назди Ҳазратқулов Ниёзали баргашта як қисми маводи нашъадори мазкурро якҷоя истеъмол намуда, худи ҳамон рӯз боқимондаашро бо мақсади истеъмол намудан, ғайриқонунӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода дар хиёбони Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе мақсади истеъмоли маводи нашъадорро намуда, аз ҷайбаш як бастачаи хурд маводи мазкурро, ки як қисми онро бо шиносаш истеъмол намуда буданд, бароварда истеъмол кардааст. Тахминан соати 21-30, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳриДушанбе Ҳазраткулов Н. дар хиёбони Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе дастгир карда шуда, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дастрас карда мешавад.

Гуноҳи судшаванда Ҳазратқулов Н. бо далелҳои парвандаи ҷиноятӣ тасдиқи пурраи худро ёфт.

Кирдори судшаванда аз ҷониби суд бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаи нашъадор бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам банду баст карда шуд.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Ҳазратқулов Ниёзали талаботҳои моддаи 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24.12.2010 сол «Дар бораи ҳукми судӣ»-ро бавосита ва дараҷаи ба ҷамъият хафнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда ва дигар ҳолатҳои амалии парванда, ки ҷазоро  сабук  ва вазнин мекунад  ба инобат  гирифта, нисбаташ раводиди моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) солу 2 (ду) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар давоми даҳ шабонарўз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълони он, маҳкумшуда бошад аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳукм, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, тавассути ҳамин суд шикоят ваэътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.