Ҷаласаи корӣ оид ба омўзиши Паёми Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 сол

Санаи 14.01.2019 сол дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба омўзиши Паёми Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 сол доир гардид. Дар ҷаласаи корӣ раиси суд иброз намуд, ки Паём пайвандгари имрӯзу фардо, роҳнамои кору пайкор, қутбнамои корҳои дурахшон дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.  Кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бобати амалӣ намудани сиёсати пешгирифта ва Паёми Сарвари давлат фаъолияти хешро дар асоси он ба роҳ мондааст.

Дар Паёми имсола тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа бо таҳлилу баррасии амиқаш аз назари роҳбарияти давлат дур намондааст.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) Роҳбари давлат қайд карданд, ки   «……Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад.

Дар баробари ин, барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намояд.

Инчунин, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.»

Дар ҳақиқат рушди соҳибкорӣ асоси тараққиёти устувори иқтсодиёт буда, ба ҷараёни иноватсионӣ ва пешравии илму техника суръат мебахшад, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад, бозорро бо молҳои хушсифат таъмин мегардонад, ба буҷаи давлат фоидаи бештарро ворид менамояд ва дигар мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиро ҳал менамояд. Бинобар ин аз ҷониби Сарвари давлат дар Паёми худ дарҷ гардидан оид ба дастгирии соҳибкорон ин боиси ифтихор аст, ки дастгирии соҳибкорӣ рўз аз рўз аз тарафи давлату Ҳукумати кишвар зиёд гардида истодааст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфтани монаторий ба ҳамаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот, барои соҳибкорон як қатор имтиёзҳои андозиро роҳандозӣ менамояд, ки он ба беҳбудии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 декабри соли 2017 чунин қайд карда буданд, ки “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар” Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад”.  Ин иқдоми наҷибона тамоми мардуми кишварро рӯҳбаланд намуд. Мавриди зикр аст, ки ноҳияи мо бо табиати зебо ва дарёҳои мусаффои худ, қалби ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷӣ кишварро таскин менамояд. Аз Аврупо то Осиё дар бораи “Искандаркул”, “Аловуддин”, “Водии Яғноб” ва дигар ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар яки мо аст.

Бо ин мақсади гузошташуда Роҳбари давлат дар Паёми имсола гуфтанд, ки:

«…Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.»

Раиси суд қайд карданд, ки суд дар байни мақомоти давлатӣ яке аз мақомоти мўътабар буда, адолати судиро дар кишвар амалӣ менамояд ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ва бад ин васила барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ нақши муҳим мебозад.

Бо назардошти ин хусусияти муҳиму муассир ва бо мақсади мутобиқ намудани сохтор ва фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти он ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва мақомоти судии кишварҳои пешрафта тибқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумхалқӣ қабул гардидааст, ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ва ҳамчунин боби ҳаштуми ин санади муқаддас иборат аз нўҳ модда пурра ба ин шохаи ҳокимият, пеш аз ҳама ба принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқии он, хусусан салоҳият ва сохтори судҳо, интихобу таъин ба вазифа ва бозхонду озод намудани судяҳо аз вазифа, синну соли ба вазифа пешбарӣ кардан ва мўҳлати ваколати онҳо, инчунин амалӣ намудани адолати судӣ бахшида шудааст.

Сарварӣ давлат ҳамеша оид ба пешрафти ҳокимияти судӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд. Албатта дар низоми идоракунии давлатӣ ҳеҷ як давлат бе ниҳоди судӣ арзи вуҷуд карда наметавонад, ба он чун воситаи таъмини адолату ҳақиқат ниёз дорад ва аз ин рў дар ин ё он шакл низоми судии худро ҳамчун сохтори муҳим ва таркибии худ ба роҳ мемонад. Воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дошта, ин омили муайянкунанда водор месозад, ки ҳокимияти судӣ пайваста таҳким ва густариш ёбад.

Бинобар ин бо мақсади зикршуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дарҷ карданд ки: “…Тавре ки маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.

Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019 зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад.

Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.

Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Бо ин мақсад, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.»

Раиси суд дар идомаи сухан оид ба терроризм ва хатари он ба ҷомеа қайд кард, ки бевосита аз нигоҳи Сарвари давлат бармеояд ва сарвари давлат чунин қайд кардааст:

«…Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам.

Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.»

Дар ҳақиқат асри ХХI бо фазо, раванд ва воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад.

Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар замони нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав набуда, балки нишонаҳои он дар давраҳои гузашта – асрҳои миёна мавҷуд будааст.

Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. Ҳоло терроризм яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Воқеаҳои мудҳиши ҷумҳуриҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон ва ҳодисаҳои нангини шаҳрҳои Ню-Йорк, Париҷ, Лондон, Москва, Санкт-Петербург, Волгоград мардуми озодфикру равшанзамири ҷаҳонро ба мубориза бар зидди терроризм муттаҳид сохт. Ин масъала борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардааст. Мавзўи терроризм ҳоло ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо мебошад. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф гардидааст, балки рўз аз рўз ҳодисаҳои террактӣ бештар гардидаанд.

Ҳамарўза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаю канори олам ва садҳо таркишу ҳазорон қурбонии он ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти давлатиро гум карда, ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши тамоми ҷаҳониён гардид. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризе дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холи нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти динро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд. Аммо дар бисёр маврид рўзноманигорон ва хизматчиёни давлатӣ, ки роҷеъ ба таърихӣ Ислом маълумоти аниқ надоранд, дар бораи дини мубини Ислом суханони носанҷида мегўянд, ки барои ҳамзистии осоишта ва оромии пайравони ислом ва дигар динҳо дар ин ва ё он кишвар халал ворид мекунад. Ислом ба даҳшатафканӣ ҳеҷ муносибат надорад.

Дар охири ҷаласа раиси суд оид ба сатҳу сифати корӣ, таъмини волоияти Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, таъмини амният ва суботи давлат, ҳифзи муқаддасоти миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.