Қаллобӣ бо аломатҳои махсусан калон

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судяи суди ноҳия Исозода Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҷиноятиро нисбати Маҳмудов Бахтиёр Зарифович, 13 майи соли 1985 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бе кор, бе ҳизб, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби ду фарзанд, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, маҳаллаи 12, бинои 37, ҳуҷраи 25 дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ санаи 13 ноябри соли 2013, ҳангоми дар назди мағозаи фурӯши гулҳо, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 85, ҳозир буданаш, бо боҳонаи харидорӣ кардани ду адад автомашинаи махсуси боркашонӣ барои кашонидани гази моеъ аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе, ки арзиши ҳар як адади автомашинаҳо 30 000 (сиҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медодааст, машғул гардидан ва ба даст овардани фоидаи хуб, аз шаҳрванд Имомназаров Ҳасан Алиҷонович, маблағи 50 000 (панҷоҳҳазор) долллари ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ 238 595 (дусаду сиву ҳашт ҳазору панҷсаду наваду панҷ) сомониро ташикл медиҳад, гирифта, як адад автомашинаи тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 5123 СТ 02 рангаш кабудро харидорӣ карда дар он бочкаи нигаҳдории гази моеъро насб намуда ва барои харидорӣ кардани автомашинаи дуюм аз Имомназаров Ҳасан Алиҷонович боз тахминан як моҳ пас маблағи 10 000 (даҳҳазор) доллари ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ 47733 (чилу ҳафт ҳазору ҳафсаду сиву се) сомонӣ маблағи нақд гирифта, як адад автомашинаи махсуси боркашонии рангаш сафедро харидорӣ карда, барои кашонидани гази моеъ омода сохтааст. Баъди омода гардидани автомашинаҳо, инчунин барои равнақ додани корҳои тиҷоратиаш ва харидорӣ кардани ду қатора (вагон) газ, ки арзиши онҳо 80 000 (ҳаштод ҳазор) доллари ИМА ташкил медодааст, маблағи мазкурро талаб карда, тахминан моҳи майи соли 2014 аз Имомназаров Ҳасан Алиҷонович маблағи 80000 (ҳаштод ҳазор) доллари ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ 392 288 (сесаду наваду ду ҳазору дусаду ҳаштоду ҳашт) сомонӣ маблағи нақдро дар се марҳила гирифта, якчанд маротиба бо автомашинаҳои омода намудааш аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе гази моеъ интиқол дода ва онро дар нуқтаҳои гуногуни фурӯши сузишвориҳо фурӯхта фоида ба даст оварда, аз ҳисоби фоидаи ба даст овардааш тибқи маслиҳати шифоҳӣ байни ҳамдигарнамуда ба Имомназаров Ҳасан Алиҷонович ба андозаи 26 000 (бисту шаш ҳазор) доллари ИМА, дода бо ин роҳ ба боварии шаҳрванд Имомназаров Ҳасан Алиҷонович даромадааст.

Пас аз он Маҳмудов Бахтиёр Зарифович бо мақсади таъсис намудани ширкат ва аз дигар мамлакатҳои хориҷи кишвар интиқол додани гази моеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванд Имомназаров Ҳасан Алиҷоновичро, бовар кунонидаст, ки дар натиҷаи омода кардани анборгоҳи сӯзишворӣ барои гази моеъ ва харидорӣ кардани бочкаҳо барои нигаҳдории газ, фоидаи калони пулӣ ба даст меоранд, Имомназаров Ҳасан Алиҷонович аз мақсади ҷинояткоронаи ӯ огаҳӣ надошта, манзили истиқоматиашонро, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Хатлон хонаи №73, дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Аксес Бонк Тоҷикистон” ба гарав гузошта, Маҳмудов Бахтиёр Зарифович ҳамчун зомин ӯҳдадорӣ ба худ гирифта, аз бонки мазкур маблағи 80000 (ҳаштод ҳазор) доллари ИМА-ро гирифта дар болои он боз 10000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА дигар гузошта, дар доми фиреби Маҳмудов Бахтиёр Зарифович, афтида бо ин роҳ санаи 20 июли соли 2015 маблағи 90 000 (навад ҳазор) доллари ИМА, як адад автомашинаи тамғаи “БМВХ-5” ба маблағи 23 000 (бисту сеҳазор) доллари ИМА ва як адад автомашинаи тамғаи “Опел Астра Н” ба маблағи 7000 (ҳафтҳазор) доллари ИМА, ки ҷамъ 120 000 (яксаду бистҳазор) доллари ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ 751 224 (ҳафсаду панҷоҳу як ҳазору дусаду бисту чор) сомониро гирифта, автомашинаҳои мазкурро аз арзиши қабулнамудааш арзон фурӯхта шаҳрванд Имомназаров Ҳасан Алиҷоновичро фиреб дода гуфтааст, ки маблағҳои аз ӯ гирифтаашро барои аз Федератсия Россия овардани шаш адад бочкаҳо додааст, номбурда маблағҳои ба даст овардаашро ва ду адад автомашинаҳои махсуси боркашониро фурӯхта, аз шаҳрванд Имомназаров Ҳасан Алиҷонович, ҷамъ ба маблағи умумӣ 26 0000 (дусаду шаст ҳазор) доллари ИМА маблағи нақдро гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф карда ғайб мезанад, баъди аз ҷониби ҷабрдида Имомназаров Ҳасан Алиҷонович, ҷустуҷӯи зиёд намудан, Маҳмудов Бахтиёр Зарифович ба Имомназаров Ҳасан Алиҷонович, манзили истиқоматии харидорӣ кардаашро, воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 12 бинои 37 ҳуҷраи 25, ки дар онҳо ба ному насабаш ба расмият дароварда нашуда буд ва як қисми маблағи онро низ пардохт накарда буд, бар ивази маблағи пулӣ ба Имомназаров Ҳасан Алиҷонович медиҳад. Имомназаров Ҳасан Алиҷонович қулфи дари манзили истиқоматиро иваз намуда, ба шаҳри Душанбе бармегардад, Маҳмудов Бахтиёр Зарифович аз набудани Имомназаров Ҳасан Алиҷонович истифода бурда, қулфи дари даромадгоҳро иваз карда, аз соҳибхона маблағҳои пулиашро гирифта аз Имомназаров Ҳасан Алиҷонович гурехта мегардад, Имомназаров Ҳасан Алиҷонович баҳри гирифтани маблағҳои пулияш ӯро дар шаҳри Хуҷанд ҷустуҷӯ карда ва Маҳмудов Бахтиёр Зарифович барои нисбаташ дар мақомотҳои дахлдор арз накардан маблағи 3200 (се ҳазору дусад) доллари ИМА, мутаносибан бо қурби асъори миллӣ 20223,36 (бист ҳазору дусаду бисту се сомониву сиву шаш) дирам нақд бари вази 10000 (даҳҳазор) доллари ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ 78 398 (ҳафтоду ҳашт ҳазору сесаду наваду ҳашт) сомонӣ, як адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, як адад автомашинаи тамғаи “Опел” ба маблағи 3500 (се ҳазору панҷсад) доллари ИМА, мутаносибан бо қурби асъори миллӣ 27439,30 (бисту ҳафтҳазору чорсаду сиву нуҳ сомониву си) дирам пардохт намуда, ваъда медиҳад, ки боқимонда маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, вале номбурда ба ваъдаҳои худ наистода аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсия Россия фирор карда ғайб мезанад, ки дар натиҷа ба шаҳрванд Имомназаров Ҳасан Алиҷонович, ҷамъ ба маблағи 243 500 (дусаду чилу се ҳазору панҷсад) доллари ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ 1 303 800 (як миллиону сесаду се ҳазору ҳашсад) сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Гунаҳгории судшаванда Маҳмудов Бахтиёр Зарифович бо айби ба ӯ эълоншуда, дар мурофиаи судӣ бо далелҳои парвандаи ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Маҳмудов Бахтиёр Зарифовичро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу муклии ғайр ва ба даст овардани ҳуқуқ ба молумулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ, бо аломати ба миқдори махсусан калон содиршудааст, пешбинӣ мекунад банду баст карда,  хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунанда ва шахсияти судшаванда Маҳмудов Бахтиёр Зарифовичро ба инобат гирифта, нисбати ӯ  ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 11 (ёздаҳ) сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, таъин кард.