Қаллобӣ, бо аломатҳои расонидани зарари ҷиддӣ ба ҷабрдида

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Х.И. дар  маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Назаров Исмоил Курбанович 13 июли соли 1962 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Ҳисор, миллаташ узбек, таҳсилоташ олии омӯзгорӣ, мутахассиси Раёсати корҳои таълимӣ-методии Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф”, бе ҳизб, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби панҷ фарзанд, сокини шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Файзбахш, хонаи 9 дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Назаров И.К. дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд.

Назаров Исмоил Курбанович дар асоси Фармоиши Ректори Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” таҳти №124 аз санаи 15 июни соли 2016 то инҷониб дар вазифаи мутахассиси Раёсати корҳои таълимӣ-методии муассисаи мазкур кор ва фаъолият карда, дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.

Чунончӣ, тахминан санаи 19 сентябри соли 2019 шаҳрванд Саидова Рухсатой Қурбоновна мавқеи мансабии Назаров Исмоил Курбановичро ба инобат гирифта, барои гирифтани маълумоти дуюм ба факулати биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил намудани шиносаш Половов Беҳруз Сергеевич муроҷиат намудааст. Назаров Исмоил Курбанович аз фурсати муносиб истифода намуда, қасдан бо мақсади ғаразнок, ҳолати мазкурро ҷиҳати бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ тасарруф намудани маблағи пулӣ мусоид шуморида, дидаву дониста аз он, ки ба ҳайси мутахассиси Раёсати корҳоитаълимӣ-методии Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” ваколати ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил намудани довталабони маълумоти дуюмро надорад, бо истифодаи мақоми хизматӣ ба шаҳрванд Саидова Рухсатой Қурбоновна таклифи бардурӯғ пешниҳод намуд, ки метавонад бар ивази маблағи 6000 сомонӣ Половов Беҳруз Сергеевичро ба факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил намудан мусоидат намояд. Саидова Рухсатой Қурбоновна бе хабар аз мақсади ғаразноки Назаров Исмоил Курбанович бо таклифи қаллобонаи охирин розӣ шудааст. Назаров Исмоил Курбанович санаи 04 октябри соли 2019 тахминан соати 11-00 дақиқа маблағи 6000 сомонии талаб намудаашро, дар дохили боғи ба номи “А.Дониш”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ гирифта тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба ҷабрдида Саидова Рухсатой Қурбоновна ҷамъ ба маблағи 6000 сомонӣ зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

Аз ҷониби мақомати тафтиши пешакӣ ба Назаров Исмоил Курбанович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр ва ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо аломатҳои бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст, айб эълон карда шудааст.

Судшаванда Назаров Исмоил Курбанович дар мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълоншуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, бо аризаи хаттӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз санаи 25 октябри соли 2019 таҳти№1648 татбиқ карда шуда ва пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ қатъ карда шавад.

Суд аризаи судшаванда Назаров Исмоил Курбановичро муҳокима намуда, хулосаи прокурорро, ки қонеъ кардани аризаро пурсидааст шунида, ба хулосаи зерин омад:

Тибқи талаботи сархати 3 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ки таҳти баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, нисбати шахсоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир намудаанд қатъ карда мешавад.

Суд муайян кард, ки ҷинояти содир намудаи судшаванда Назаров Исмоил Курбанович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи ҷиноятҳои дараҷаи миёна дохил шуда ва ҷинояти мазкур таҳти амали сархати 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 қарор гирифта илова бар ин ӯ ҷинояти мазкурро то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 содир намудааст.

Кирдори содирнамудаи судшаванда Назаров Исмоил Курбанович таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 қарор гирифта ва ягон маҳдудият оиди татбиқ кардани Қонуни мазкур нисбати судшаванда Назаров Исмоил Курбанович ҷой надорад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло суд ба хулоса омад, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати Назаров Исмоил Курбанович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи сархати 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648, қатъ карда шуда ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад.