Қаллобӣ бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ

14 сентябри соли 2020 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Х.И. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевна, 21 декабри соли 1976 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, бе ҳизб, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби чор фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати судшаванда Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевна дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд.

Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевна тахминан моҳҳои апрел-майи соли 2019 бо шаҳрванд Сангинова Дилфуза Юсуфовна, ки хоҳараш дар ҳамсоягиаш, истиқомат мекунад вохўрда, зимни вохўрӣ ва сӯҳбат шаҳрванд Сангинова Д.Ю. тибқи квота оиди дохил намудани духтарашро ба Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҳон ва писараш ба Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон иброз намудааст. Табарова Ш.Ш. аз фурсати бо худ муносиб истифода бурда, бо мақсади ба боварии охирин даромадан иброз намудааст, ки писараш дар Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон муддати 5 сол мешавад, ки таҳсил мекунад, вале духтараш ба воситаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ имтиҳон супорида ва ӯ бо директори Маркази мазкур шиносоӣ пайдо кардааст ва метавонад ба воситаи охирин писар ва духтари ӯро бар ивази маблағи пулӣ дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил намояд.

Табарова Ш.Ш. баъди пурра ба боварии Сангинова Д.Ю. даромадан ва дидаю дониста, ки худ ҳуқуқ ва ваколати дохил намудани писар ва духтари Сангинова Д.Ю-ро дар донишкадаҳои хориҷи кишвар надорад, ба худ мақсади бо роҳи фиреб ба даст овардани фоидаи муфтро дар намуди маблағи пулӣ гузошта ва дарҳол аз номбурда тибқи квота барои дохил намудани духтараш дар Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон маблағи 7000 доллари ИМА ва барои писараш тибқи квота барои дохил намудан дар Донишгоҳи тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон маблағи 4000 доллари ИМА талаб намудааст.

Табарова Ш.Ш. тибқи маслиҳати пешакӣ бо духтараш аввалҳои моҳи майи соли 2019 ба сифати пешпардохт барои банд намудани ҷой тибқи квота барои дохил намудани духтари Сангинова Д.Ю. дар Донишгоҳи номбурда дар назди Маркази савдои «Волна», воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Н.Муҳаммад, аз Сангинова Д.Ю. маблағи 1000 доллари ИМА гирифта, онро тасарруф намуда ва таъкид кардааст, ки ҳуҷҷатҳои духтарашро тайёр карда оварда ба ў диҳад.

Ӯ, боз кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, бо духтараш аввалҳои моҳи августи соли 2019 аз Сангинова Д.Ю. барои дохил намудани духтари Сангинова Д.Ю. тибқи квота дар Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон боз дар қабати Маркази савдои «Волна» воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Н.Муҳаммад, маблағи 2000 доллари ИМА гирифта тасарруф намуда ва ҳуҷҷатҳои тайёр намудаи духтарашро гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” месупорад.

Ҳамин тариқ, Табарова Ш.Ш. тибқи ваъдаҳои пешинааш, ки писари Сангинова Д.Ю-ро бояд бар ивази маблағи 4000 доллари ИМА тибқи квота ба Донишгоҳи тиббии давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон дохил мекунад, аввалҳои моҳи апрели соли 2020 бо духтараш дар назди тарабхонаи «Райҳон», воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар ҳузури шиноси Сангинова Д.Ю. аз номбурда маблағи 2000 доллари ИМА гирифта, тасарруф намуда ва ҳуҷҷатҳои писарашро низ гирифта ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” месупорад.

Ӯ, боз ба воситаи духтараш аввалҳои моҳи майи соли 2020 бо мақсади анҷом додани нияти ҷинояткоронааш, дар назди Маркази савдои «Цум», воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ аз Сангинова Д.Ю. дар ҳузури шиносаш маблағи 2000 доллари ИМА гирифта, тасарруф намудааст.

Ҳамин тариқ, ӯ бо духтараш дар умум маблағи 7000 доллари ИМА-и шаҳрванд Сангинова Д.Ю-ро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, ба манфиати ў ягон амалро иҷро накарда, бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба Сангинова Д.Ю. зарари махсусан калон расонидааст.

Судшаванда Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевна дар мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ эълоншуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, дурустии айби эълоншударо тасдиқ намуда, тибқи талаботи моддаи 311 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз додани нишондод даст кашида, аз кирдори содир кардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, илова намуд, ки ӯ дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба ҷабрдида Сангинова Д.Ю. расонидашударо ба пуррагӣ барқарор намудааст, аз ин рӯ аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде судшавнда Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевна худро бо айби ба ӯ эълоншуда пурра гунаҳгор ҳисоб намояд ҳам, гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷинояти мазкур боз бо дигар далелҳои парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда,тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевнаро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу муклии ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ, бо аломати ба миқдори махсусан калон содир шудааст, пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои сабукунанда ва вазнинкунанда, шахсияти судшаванда Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевнаро ба инобат гирифта, Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевнаро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1460 (як ҳазоручорсаду шаст) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 84680 (ҳаштоду чор ҳазору шашсаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин кард.