Ҷаримабандӣ барои назорат накардани фарзанди хеш

16-уми июни соли 2021 муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Рашидова Мунира Ҳакимовна, 10-уми сентябри соли 1974 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилот миёна, оиладор соҳиби 5-фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромад.

Муайян карда шуд, ки Рашидова Мунира Ҳакимовна аз ӯҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи фарзанди ноболиғаш набаромадааст, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш дар санаи 18.05.2021 сол, тахминан соати 22:00 дақиқа дар боғи устод С.Айнӣ бо ҳамроҳии рафиқонаш ба оворагарди ва дигар кирдорҳои зиддиахлоқӣ машғул шуда ва ҳангоми ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дастрас намудан кормандони милитсия аз дасти ӯ як адад корди хонагӣ дарёфт намудаанд.

Ҳуқуқвайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовна дар мурофиаи судӣ бо гуноҳаш пурра иқрор шуда, аз кирдори содиркардааш пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовна гуноҳи ӯ бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати маводҳо мавҷуд буданд тасдиқи худро ёфтааст.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовнаро бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои тарбиявӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Раводиди моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди  огоҳӣ  ё ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ кардааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда Рашидова Мунира Ҳакимовнаро ба инобат гирифта, Рашидова Мунира Ҳакимовнаро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ва ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.