Ҷашни зодрӯз боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахс гардид

Судяи суди ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе дар ҳайати раисикунанда Нурализода С.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Ҳафизова Фируза Мусоевна, 12 декабри соли 1984 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, муҷаррад соҳиби ду фарзанд, расман дар ягон ҷо фаъолият намекунад, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи И.Сомонӣ бинои 3 ҳуҷраи 64, бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ санаи 12 декабри соли 2018 аз соати 20:00 то соати 23:00 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Душанбе кӯчаи И.Сомонӣ бинои 3 ҳуҷраи 64 ҷашни зодрузашро қайд гирифта, дар ин ҷашн ба ғайр аз аҳлу оилааш боз дугонаҳо ва якчанд шиноси дигарашро даъват карда, ин ҷашнро қайд гирифтааст, ки ин ҳолат бархилофи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Тибқи муқаррароти ин меъёри қонун, ҷашни зодрўз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад. Оиди ҳолати мазкур аз ҷониби прокурори ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе нисбати Ҳафизова Ф. бинобар вайрон намудани талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Ҳафизова Ф. худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисобид.

Ба ғайр аз худиқрории Ҳафизова Ф. боз гуноҳи ў бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда тасдиқи худро ёфт.

Суд вобаста ба содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур, шахсият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии амали содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Ҳафизова Ф-ро ба назар гирифта, ба хулоса омад, ки дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 1 Кодеки ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5000 (панҷ ҷазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.