Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

14 феврали соли равон раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:

Давлатмуродов Бахтовар Мирзоалиевич-02 июли  соли 1998 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Карамов, қаблан суд нашудааст, ҷои кор надорад, айбдор карда шудааст бо моддаи 111 қисми 1-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати судшаванда Давлатмуродов Бахтовар Мирзоалиевич дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд.

Давлатмуродов Бахтовар Мирзоалиевич ва Алиева Миҷгона Ҷумаевна бо розигии тарафайн моҳи октябри соли 2019 ҳамзистӣ оғоз кардаанд. Давлатмуродов Бахтовар Мирзоалиевич шаби 06 ба 07 ноябри соли 2019 соатҳои 02:00 дақиқа ҳангоми дар манзили истиқоматии иҷоравӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зайнаббибӣ қарор доштанаш бо сабаби рашк бо Алиева М.Ҷ. моҷаро намуда, охиронро қасдан бо дасту пояш мавриди лату кӯб қарор додааст. Натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятии мазкур ба ҷабрдида ҷароҳатҳои мансуб ба зарари миёна ба саломатӣ бо аломатҳои ноҷурии дарозмуддати саломатӣ ба муҳлати зиёда аз 21 рӯз расонида шудааст.

Судшаванда Давлатмуродов Б.М. худро дар содир кардани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 111 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ намуда, хоҳиш кард, ки парванда мутобиқи талаботи моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда баррасӣ карда шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ ва ҷабрдида Алиева Миҷгона Ҷумаевна низ бо тартиби соддакардашуда баррасӣ намудани парвандаро тарафдорӣ намуданд.

Мутобиқи қисми 1-и моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ӯ маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираи судӣ гузарад. Ба гуноҳаш иқрор шудани судшавандаро тарафҳо мавриди баҳс қарор надодаанд, судро низ таҳти шубҳа нагузошт, эътирофи гуноҳ маҷбурӣ нест ва аз ин сабаб суд лозим донист мурофиаи судиро бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ гузаронад.

Суд дар асоси таҳлили якҷояи далелҳои дар вақти тафтишоти пешакӣ ҷамъовардашуда ба хулоса омад, ки судшаванда дар содир кардани ҷинояти пешбининамудаи моддаи 111 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок набуда ва оқибатҳои дар моддаи 110 ҳамин Кодекс пешбинишударо ба миён наовардааст, вале боиси харобшавии тӯлонии саломатӣ шудааст, гунаҳгор мебошад ва кирдори ӯ аз ҷониби суд бо моддаи 111 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст кард.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунадаи ҷазо, шахсияти судшавандаро ба инобат гирифта, ба чунин хулоса омад, ки Давлатмуродов Бахтовар Мирзоалиевичро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 111 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ 1 (як) сол ҷазои корҳои ислосӣ дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда, бо нигоҳ доштани 15 фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат, таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар мӯҳлати 10 шабонарӯз тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм бо асосҳои пешбиникардаи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 372 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътироз овардан мумкин нест.