Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ронанда барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

7 сентябри соли 2020 судяи суд ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исмонзода И. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Сайдуллоев Некруз Кодирович, санаи таваллудаш 22 октябри соли 1993, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби як фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард:

Ронанда Сайдуллоев Некруз Кодирович санаи 17 августи 2020 тахминан соати 11:30 дақиқа дар кўчаи Навободи шаҳри Душанбе бо воситаи нақлиёти тамғаи «Санг-Йонг Муссо», рақами қайди давлатиаш 9917АА04-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Сайдуллоев Некруз Кодирович дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабуки ғайри ҳабсӣ таъин карда шавад.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Сайдуллоев Некруз Кодировичро бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронанда дар ҳолати мастӣ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Санксияи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба эътибор гирифта, Сайдуллоев Некруз Кодировичро бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.