Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон

16 сентябри соли ҷорӣ судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Амирзода Т.Р. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Меҳроҷидин Абдулмумин, 11 августи соли 1990 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Халон, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, муваққатан бекор, муҷаррад соҳиби як фарзанд, доғи судӣ надорад, сокини шаҳри Душанбе бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор кардашударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати судшаванда Меҳроҷидин Абдулмумин дар чунин ҳолат айб эълон карда шуда буд:

Меҳроҷидин Абдулмумин вазифадор буд, ки фарзанди ноболиғи худ Абдулмуминзода Ёсуман Меҳроҷидин 17 майи соли 2016 санаи таваллудаш, ки ба кумак эҳтиёҷ дорад таъмин намояд, аммо ў дидаву дониста аз иҷрои ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз санаи 06 сентябри соли 2016, ки тибқи он ў мебоист ўҳдадорияшро иҷро намояд ва ўҳдадор буд барои таъминоти фарзанди ноболиғаш ҳар моҳ то ба синни балоғат расиданаш ба фоидаи Сафарова Нилуфар Шомуродовна ба маблағи 150 (яксаду панҷоҳ) сомонӣ алимент ва барои таъминоти худи Сафарова Н.Ш. бошад барои то се сола шудани кӯдак бо тариқи устувор ҳар моҳ ба маблағи 50 сомонӣ супорад, саркашӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, Меҳроҷидин А. маблағи алименти муқаррарнамудаи судро барои тарбия ва нигоҳубини фарзандаш бе сабабҳои узрнок зиёда аз 6 (шаш) моҳ аз пардохти он бадқасдона саркашӣ кардааст, ки маблағи қарзии ба андозаи 4100 (чорҳазору сад) сомониро ташкил медиҳад, пардохт накардааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда Меҳроҷидин Абдулмумин худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида дархост намуд, ки мурофиаи судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати ў тибқи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда гузаронида шуда, таҳқиқи далелҳо гузаронида нашуда, ба музокираҳои судӣ  гузашта шавад, зеро эътирофи гуноҳи ӯ маҷбурӣ нест.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ў маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад, танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираи судӣ гузарад.

Суд муайян кард, ки эътирофи судшаванда маҷбурӣ нест ва лозим шуморид, ки мурофиаи судиро тариқи соддакардашуда баррасӣ намояд.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда Меҳроҷидин Абдулмумин боз гуноҳи ў бо дигар далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда, ки дар рафти мурофиаи судӣ мавриди таҳқиқ ва баҳодиҳӣ қарор гирифтанд, тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Меҳроҷидин Абдулмумин дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Меҳроҷидин Абдулмумин талаботҳои моддаи 60 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24.12.2010 сол «Дар бораи ҳукми суди»-ро бавосита ва дараҷаи ба ҷамъият хафнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда ва дигар ҳолатҳои амалии парванда, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ба инобат  гирифта, Меҳроҷидин Абдулмуминро бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ, яъне берун аз вақти корҳои асосӣ ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ба муҳлати 120 (яксаду бист) соат дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян мекунад, бо давомнокии на зиёда аз 4 (чор) соат дар як рўз  таъин кард.