Барҳам додани Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

5-уми марти соли 2021 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Х.И., бо котибии Қаюмзода З., бо иштироки намояндаҳои даъвогар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  –  Раҳмонзода Муҳаммадбашир Саъдулло, Асоев Ҷурабек Нарзулоевич ва намояндаҳои ҷавобгар Шодиева Нигина Тоҳирҷоновна ва Мухтаров Абдузариф Хурамович дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ бо аризаи даъвогии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳам додани ташкилотро мавриди  баррасӣ қарор дод.

Бо ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳам додани ташкилот, қонеъ карда шуда, фаъолияти Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси шаҳодатнома дар бораи аз нав бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз санаи 11 октябри соли 2018 таҳти рақами қайди ИҶ 153 Ф/Н “А” ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, барҳам дода шуд.

Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор карда шуд, ки шаҳодатнома дар бораи аз нав бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз санаи 11 октябри соли 2018 таҳти рақами қайди ИҶ 153 Ф/Н “А” ва низомнома дар бораи Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақоми бақайдгиранда, яъне Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад.

Суратҳисоби бонкии Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, ҳамгуна амалиётҳо вобаста ба он манъ карда шуда ва талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” нисбати молу мулки Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқ карда шуд.

Намояндагии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Сейферворлд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор карда шуд, ки марҳилаи барҳамдиҳиро дар мақоми бақайдгиранда, яъне Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.