Баргузории машғулияти семинарӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аввали ҷумъаи ҳар моҳ байни кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор мегардад. Санаи 3 июли соли ҷорӣ низ бо иштироки хоҳишмандони кормандони дастгоҳи суд семинари навбатӣ ба роҳ монда шуда, дар он корманди дастгоҳи суд Муҳаммадҷонзода Дилшод дар мавзӯи «Омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Боби 1)» маъруза карда, қайд намуд, ки баргузории семнари имрӯза дар роҳи инкишофи дониши назариявии иштирокчиёни семенар муфид мебошад.

Мавзӯе, ки зимни баргузории семнар мабраҳ мешавад, бешубҳа масъалаи муҳиму рузмара ба шумор меравад.

Давлати мо дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ дар тӯли солҳои истиқлолият ба натиҷаҳои муайян ноил шуд. Яке аз дастовардҳо ин Конститутсия мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлол мебошад.

Дар тӯли таърихии инкишофи худ Тоҷикистон дар умум панҷ маротиба Конститутсия қабул кардааст, ки ин солҳоро дар бар мегирад:

1.соли 1929

2.соли 1931

3.соли 1937

4.соли 1978

  1. санаи 6 ноябри соли 1994

Конститутсияи охирин санади тақдирсоз ном дорад, ки қабули он ҳадафи стратегии Тоҷикистон гардид. Конститутсияи охирини Тоҷикистон асосан 2 ҳадафи муҳимро мебоист иҷро намояд:

1.Ҳарчи зудтар хотима гузоштан ба низои байни тоҷикон ва таъмини сулҳу субот дар кишвар.

2.Таъмини асосҳои ҳуқуқии ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт.

Ҳамчунин ба ғайр аз ин мақсади қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар дебочаи он қайд карда шудааст.

Бо ҳамин тартиб семинари мазкур дар шакли саволу ҷавобҳо давом дода шуд.

?

?

?

?

?