Баргузории семинар – тренинг дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

2 декабри соли равон бо ташаббуси раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинар-тренинг дар мавзӯи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баргузор гардид. Дар семинар-тренинг Азимов Аъзамҷон Холматович – доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъват гардида, ба ҳозирин мазмун, мӯҳтаво ва тарзи дурусти навишти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» фаҳмонда дода шуд.

Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ забони адабӣ ва миллии тоҷикон ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мустаҳкам гардидааст.

Дар солҳои 20-30 асри ХХ пас аз баҳсҳои тӯлонӣ атрофи забони меъёр дар пояи талаффузи бархе аз лаҳҷаҳо дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар робита ба навишти «ӯ» дар ҳиҷои баста пеш аз «ҳ» ва аломати сакта «ъ» як қоидаи ғайри таърихиӣ муқаррар карда шуд, ки он хилофи меъёри навишти забони классики форсӣ-тоҷикӣ буд. Бо дарназардошти чунин вазъ имкони корбурди ин меъёр дар имлои забони тоҷикӣ дигар вуҷуд надорад ва ин ҳама қоидаҳову меъёрҳои бофта ва сохтаи ғайри таърихӣ ва ғайри илмӣ дар нашри нави «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», ки чопи он дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №458 аз 04.10.2011 сол, таъкид шудааст, ислоҳ гардидаанд.

Бо ҳамин дар охири семинер аз тарафи роҳбарият ва кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба устоди муҳтарам Азимов Аъзамҷон Холматович барои гузаронидани семинер-тренинги мазкур ҳозир гардиданашон, арзи сипос намуда, баҳри ободиву осоиш ва гулгулшукофии давлати соҳибистиқлоламон бурдбориву комёбӣ, саодату иқболи накӯ ва тансиҳатӣ орзу намуданд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории семинар-тренинг