Барои суйиқасди ҷиноят, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар ва авбошӣ боиси паси панҷара шудани чор нафар гардид

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Кабирзода С.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандаҳо:

  1. Саидов Беҳрўз Ҳабибуллоевич, 12 феврали 1997 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бекор, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи А.Ғуломов М-2, бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1 ва 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Худойдодов Ғарибшо Аҳтамович, 6 феврали соли 1996 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бекор, муҷаррад, қаблан ду маротиба, суд шудааст, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи А.Ғуломов М-3, бо моддаи 237 қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Азимов Фаридун Абдуназарович, 3 апрели соли 1996 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бекор, муҷаррад, қаблан суд шудааст, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи А.Ғуломов, бо моддаи 237 қисми 2, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Фарҳоди Ҳоким, 9 августи соли 1993 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, бекор, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, сокини шањри Душанбе, кўчаи С.Шерозӣ, бо моддаи 237 қисми 2, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдоркардашудаҳоро баррасӣ намуда, муайян кард:

Саидов Беҳрўз Ҳабибуллоевич санаи 4 августи соли 2018 тахминан соати 1:00 дақиқа дар ҳудуди автовокзали шаҳри Душанбе бо рафиқонаш Фарҳоди Ҳоким, Азимов Фаридун Абдуназарович ва Худойдодов гарибшо Аҳтамшоевич вохўрда, байни худ маслихат менамоянд, ки ба ягон маркази дилхушӣ рафта, айшу ишрат намоянд. Бо ин ҳадаф, номбурдаҳо ба маркази дилхушии “Галакси” воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи А.Носир-20 рафта, тахминан соати 01:00 дақиқа вориди маркази мазкур мегарданд. Бо нишастан дар мизи муқарраргардида, онҳо хуришҳоро фармоиш дода, ба нўшидани машруботҳои спиртӣ машғул мегарданд. Дар ин асно, Саидов Б.Ҳ. ба майдон ба рақс баромада, мавриди рақс байни Саидов Б.Ҳ., Раҳмонзода С.А. ва рафиқони мавсуф нофаҳмоӣ, яъне суханњои пасту баландгўӣ ба вуқўъ пайваста, ин ҳолатро муҳофизони маркази дилхушӣ ошкор ва муайян намуда, Саидов Б.Ҳ. ва шарикони ўро ба берун мебароранд.

Бо ҳамин Саидов Б.Ҳ. ва рафиқонаш дар гирду атрофи маркази дилхушии “Галаксӣ” сайру гашт карда, ба кўчаи Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе расипор мегарданд. Ҳангоми расидан дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Газпромнефт” Саидов Б.Ҳ. аз роҳ баргашта, ба тарафи маркази дилхушии боло ёдшуда меравад. Мавриди расидан ба  маркази дилхушии “Галаксӣ” Саидов Б.Ҳ. паси девор пинҳон шуда, мунтазири баромадани ҷабрдида Рахмонзода С.А. мешавад. Тахминан соати 5:45 дақиқа Раҳмонзода С.А. бо ҳамроҳии рафиқонаш аз дохили маркази дилхӯшӣ баромада, зимни хайру хушнамоӣ ва ҳангоми ба воситаи нақлиёт савор шудани рафиқони мавсуф Саидов Б.Ҳ. мебинад, ки пушти Раҳмонзода С.А. ба тарафи ў гардонида мебошад. Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, Саидов Б.Ҳ. корди бо худ доштаашро бароварда, ба назди Раҳмонзода С.А. наздик шуда, бо корди дар даст доштааш аз пушт ду маротиба дар қисмати камари чапи номбурда, ки барои инсон узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, зарба зада, маротибаи сеюм мақсад менамояд, ки боз дар қисмати узвҳои ҳаётан муҳим, яъне гардани Раҳмонзода С.А. иловатан зарба занад, ки Раҳмонзода С.А. худро ба оқиб партофта, аз зарбаҳои навбатӣ раҳоӣ меёбад.

Дар ин навбат, Саидов Б.Ҳ. бо мақсади дастгир нашудан ба тарафи кўчаи Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе гурехта, ҳангоми расидан ба наздикии нуқтаи фуруши сузишвории “Газпромнефт” пеши роҳи автомашинаи тамғаи “Киа-Оптима” рақами қайди давлатиаш 98-60 ТТ01, ки он таҳти идораи Мусоев Фазилдин Ҷамолудинович қарор дошт, гирифта, дар курсии паҳлуи ронанда нишаста, бо ҳамон корди дар дасташ буда, ба тарафи ронанда Мусоев Ф. таҳдиди куштан намуда, иброз менамояд, ки ҳарчи зудтар автомашинаро ронад. Дар ин асно, ронанда Мусоев Ф. аз зиёд ҷамъ ва гирд кардани воситаи нақлиёташ аз ҷониби одамон худро аз тарс гум карда, дар ин маврид яке аз нафарони ҷамъгашта дари ронандаи автомашинаи мазкурро кушода, аз дохили он Мусоев Ф.-ро ба берун бароварда, дар натиҷа Саидов Б.Ҳ. дар автомашина боқӣ монда, бо мақсади дастгир нагардидан ба нафарони дигар бо кор таҳдид менамояд. Инчунин бо мақсади дастгир гардидани Саидов Б.Ҳ. рафиқони Раҳмонзода С.А. ва муҳофизони маркази дилхушии “Галаксӣ” чораҳо андешида, аммо шарикони Саидов Б.Ҳ., Фарҳоди Ҳ, Азимов Ф.А. ва Худойдодов Ғ.А. тариқи муноқиша ва додани дашномҳои бадахлоқона намегузоранд, ки номбурдаҳо Саидов Б.-ро дастгир ва безарар гардонанд. Танҳо бо омадани кормандони ҳифзи ҳуқуқ Саидов Б.Ҳ. безарар гардида, ҳамроҳи шариконаш дастгир мегарданд.

Судшаванда Саидов Б.Ҳ. дар мурофиаи судӣ худро бо айби нисбат ба ӯ бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 ва 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида айбдор айбдор дониста, аз суд хоҳиш намуд, ки ҳангоми таъини ҷазо ҷавонии ў ба инобат гирифта шуда, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Судшавандаҳо Худойдодов Ғ.А., Азимов Ф.А. ва Фарҳоди Ҳ.  дар мурофиаи судӣ худашонро бо айби нисбат ба онҳо бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида қисман айбдор дониста, аз суд хоҳиш намуданд, ки ҳангоми таъини ҷазо ҷавонии онҳо ба инобат гирифта шуда, нисбаташон ҷазои сабук таъин карда шаванд.

Суд вобаста ба мавҷудият, ҷойдорӣ ва ҷоизии далелҳо, кирдори судшаванда Саидов Б.Ҳ.-ро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки онро бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои суйиқасди ҷиноят, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳдиди куштан, ки он асосӣ тарсу ҳарос гардидааст, инчунин кирдори судшавандаҳо Худойдодов Ғ.А., Азимов Ф.А. ва Фарҳоди Ҳ.-ро бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои авбошӣ, яъне аз ҷониби гурўҳи шахсон дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон алоқаманд мебошад, банду баст кард.

Ҳамин тариқ, суд ҳангоми интихоб ва таъини ҷазо ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаро бо дарназардошти хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, тарзи амал, шахсияти гунаҳгорон инчунин ақидаи ҷабрдидаҳоро ба инобат гирифта, ба чунин хулоса омад:

Саидов Беҳрўз Ҳабибуллоевич бо моддаҳои 32 қисми 1-104 қисми 1 ва 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худойдодов Ғарибшо Аҳтамшоевич, Азимов Фаридун Абдуназарович ва Фарҳоди Ҳоким бо моддаи 237 қисми 2, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуданд.

Ба Саидов Беҳрўз Ҳабибуллоевич бо моддаи 32 қисми 3-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 11(ёздаҳ) сол, ҷазо дода шуд.

Ба Саидов Беҳрўз Ҳабибуллоевич бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 1 (як) солу 6 (шаш) моҳ, ҷазо дода шуд.

Бо татбиқи моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда ба Саидов Беҳрўз Ҳабибуллоевич ҷазои ниҳоӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 12 (дувоздаҳ) сол бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт, ҷазо дода шуд.

Ба Худойдодов Ғарибшо Аҳтамшоевич бо моддаи 237 қисми 2, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 2 (ду) солу 6 (моҳ), бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, ҷазо дода шуд.

Ба Азимов Фаридун Абдуназарович бо моддаи 237 қисми 2, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 2 (ду) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, ҷазо дода шуд.

Ба Фарҳоди Ҳоким бо моддаи 237 қисми 2, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 2 (ду) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, ҷазо дода шуд.