Бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидааст

12 июли соли равон судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  Ширинзода Ҷ. дар  маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Акмалджони Акбарали, 09.04.1992 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Шаҳринав, миллат тоҷик, маълумот миёна, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав Ҷамоати Истиқлол дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард:

Акмалджони Акбаралисанаи 11 июли соли 2019 соати 07:40 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи «ДЭУ-Сиэло» рақами қайди давлатиаш 0842АК07 дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият» аз 17 майи соли 2004 таҳти №37 амал намуда, бе иҷозатнома фаъолияти мусофиркашонӣ кардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони, бозрасии РМРМБВМ ВКД Ҷумҳрии Тоҷикистон нисбати ў протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Акмалджони Акбаралидар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда баён намуд, ки дар ҳақиқат ў санаи 11 июли соли 2019 соати 07:40 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи «ДЭУ-Сиэло» рақами қайди давлатиаш 0842АК07 дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои маъмурии сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз он, ки Акмалджони Акбаралиба гуноҳаш иқрор буд, гунаҳгории ў дар содир намудани ҳамин кирдор бо дигар далелҳои парванда тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Акмалджони Акбаралиро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе иҷозатнома иҷро намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, банду баст кард.

Раводиди моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он пешбинӣ менамояд.

Судя ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Акмалджони Акбаралиро ба инобат гирифта, нисбати ў дар раводиди моддаи номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 (панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таъин кард.