Бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонии музднок машғул гардидааст

Санаи 12 апрели соли ҷорӣ судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Буриев Фаридун Камолиддинович, 19 январи соли 1994 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Варзоб, милаташ тоҷик, маълумоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, Ҷамоати Чорбоғ, деҳаи Чорбоғ, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард:

Буриев Фаридун Камолиддинович рўзи 9 апрели соли 2019, бо воситаи  нақлиёти тамғаи «Опел астра» рақами қайди давлатиаш 26-63 НН 01, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи махсус ба кашонидани мусофирон машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон кардааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Буриев Фаридун Камолиддинович дар рафти мурофиаи судӣ нишондод дод, ки дар ҳақиқат ў рўзи 9 апрели соли 2019, бо воситаи  автомашинаи тамғаи «Опел астра», рақами қайди давлатиаш 26-63НН 01, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи махсус ба кашонидани мусофирон машғул шудааст, ки бо ин рафтораш аз ҷониби нозири роҳ боздошт гардида, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Буриев Фаридун Камолиддинович боз гуноҳи ў бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуданд, тасдиқи худро ёфт.

Суд  бо далелҳои  оварда шуда ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Буриев Фаридун Камолиддиновичро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, банду баст кард.

Раводиди моддаи мазкур ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он пешбинӣ кардааст.

Судя ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Буриев Ф.К.ро ба инобат гирифта, нисбати ў дар доираи раводиди моддаи номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи  10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 550 (панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.