Боз як кирдори зиддиҷамъиятии ноболиғ пешгирӣ карда шуд

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар Литсейи Касбии Алоқаи №5-и шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Шодмонов Алишер Абдураҳмонович, 12-уми январи 1969 соли таваллудаш, ҷои таваллудаш шаҳри Душанбе, таҳсилоташ олӣ, оиладор соҳиби ҳафт фарзанд, муваққатан бекор, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе кӯчаи Титова дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.

Нисбати Шодмонов Алишер Абдураҳмонович барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар чунин ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст:

Шодмонов Алишер Абдураҳмонович падари ноболиғ Шодмонов Шерзод Алишерович 28-уми июли соли 2001 санаи таваллудаш буда, ўҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро накардааст, ки дар натиҷа, санаи 04 декабри 2018 сол ноболиғ Шодмонов Шерзод Алишерович донишҷӯйи бахши дуюми гуруҳи №86 Литсейи Касбии Алоқаи №5-и шаҳри Душанбе дар саҳни литсей бо ҳамроҳии Ниёзов Фаридун Қурбонович ва ноболиғ Амиров Масьуд Умедович, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ намуда, ҷангу ҷанҷол намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Шодмонов Алишер Абдураҳмоновичдар мурофиаи сайёри судӣ худро гунаҳгор шуморида аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гунаҳгории Шодмонов Алишер Абдураҳмонович, дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ғайр аз худиқрории ў, инчунин бо далелҳои дигари парванда исбот гардид.

Мутобиқи моддаи 8 сархати 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -падару модар ўҳдадоранд кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиёни фарзандонашонро пешгирӣ намоянд.

Бинобар ин, суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Шодмонов Алишер Абдураҳмоновичро бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ўҳдадориҳо оид ба тарбияи фарзандони ноболиғ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молу мулкӣ ва оилавии ҳуқуқвайронкунанда Шодмонов Алишер Абдураҳмоновичро ба инобат гирифта, нисбаташ раводиди моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 200 (дусад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.