Боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидан барои ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ

25 ноябри соли ҷорӣ раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайрокунанда Фаридуни Асатуллозода-15.10.1990 сол санаи таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилот миёнаи махсус, ихтисос ронанда, оиладор, муваққатан бекор, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо моддаи 3261 қисми 1 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки Фаридуни Асатуллозода санаи 12 октябри соли 2019 соати 21.33 дақиқа автомашинаи тамғаи  «БМВ» рақами қайди давлатиаш 5588 РВ 01–ро дар роҳи асосии кўчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе идора намуда истода, бо автомашинаи дигар, ки дар қатори якуми роҳи мазкур ҳаракат мекард ғайрирасмӣ пойгаҳ анҷом додааст. Ҳолати мазкур аз ҷониби корманди РВКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки ҳамон лаҳза дар ҳамон мавзеъ бо автомашина ҳаракат менамуд мушоҳида карда шуда, ба навор гирифта шудааст.

Фаридуни Асатуллозода худро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 3261 қисми 1 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор нашуморида, баёнот дод, ки ӯ дар пойгаҳ иштирок накардааст.

Гунаҳгории Фаридуни Асатуллозода дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 3261 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди ба гуноҳаш иқрор набудани ӯ, бо далелҳои парванда, сабти навори ҳолати мазкур ва нишондоди шоҳид пурра исбот гардид.

Бо зикри далелҳо ваҷҳҳои Фаридуни А. оиди бегуноҳиаш дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур инкор карда шуд.

Ҳамин тавр, суд гунаҳгории Фаридуни А.-ро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур исботшуда ҳисобида, кирдори ӯро бо моддаи 3261 қисми 1 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ, инчунин идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ тасниф мекунад. Мутобиқи эзоҳи ин модда зери мафҳуми «пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ-пойгаҳои ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт, ки худсарона дар роҳҳои истифодаи умум бе мувофиқаи мақомоти ваколатдор гузаронида мешаванд» фаҳмида мешавад. Моддаи 3261 қисми 1–и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт пешбинӣ кардааст ва суд лозим донист, Фаридуни Асатуллозодаро бо моддаи 3261 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ баробар ба маблағи 13 750 (сенздаҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба қарор дар муҳлати 10 шабонарўз тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии суди шаҳри Душанбе шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.