Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ошкор гардид

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамидзода М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маљлисгоҳи суди ноҳия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати муваққатан сокини шаҳри Душанбе В.Ф. 08 феврали соли 1986 санаи таваллудаш, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор соҳиби як фарзанд, бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда муайян кард, ки:

Ӯ санаи 1 марти соли 2018 дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «Тайёта МК-2»-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, бо ин кирдораш талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда дар рафти мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, нишондод дод, ки дар ҳақиқат санаи 1 марти соли 2019 воситаи нақлиёти тамғаи «Тайёта МК-2»-ро, дар ҳолати мастӣ идора намудааст. Аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз он, ки ҳуқуқвайронкунанда худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморида бошад ҳам, гуноҳи ў бо далелҳои дар қабати маводи парванда мавҷудбуда, тасдиқи худро ёфт.

Аз ин рў, суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунандаро бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронанда дар ҳолати мастӣ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Раводиди моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба эътибор гирифта, ҳуқуқвайронкунандаро бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.

 

Насаб, ном ва номи падари ҳуқуқвайронкунанда дар ихтиёрдории суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарор дорад.