Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти эктремистӣ бо истифода аз шабакаи интернет

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати Қудратулло Азизулло, 02 майи 1997 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, оиладор, соҳиби як фарзанд, сокини шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 3071 қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Қудратулло Азизулло барои даъвати оммавӣ барои  амалӣ намудани фаъолияти эктремистӣ бо истифода аз шабакаи интернет айб эълон гардида буд.

Дар маҷлиси судӣ судшаванда Қудратулло Азизулло дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 3071 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор шуморида, нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ додаашро пурра тасдиқ намуда, аз додани нишондод дар мурофиаи судӣ худдорӣ намуда, танҳо баён намуд, ки ў аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки ҷавонии ўро ба назар гирифта, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде, ки судшаванда Қудратулло Азизулло бо айби ба ў эълоншуда бо моддаи 3071 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро гунаҳгор ҳисоб карда бошад ҳам, гуноҳи ў дар содир намудани ҷинояти мазкур, инчунин бо нишондодҳои шоҳидон ва далелҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда, ки аз ҷониби суд мавриди таҳқиқ ва муҳокима қарор дода шудаанд, пурра тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Қудратулло Азизуллоро бо моддаи 3071 қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвати оммавӣ барои  амалӣ намудани фаъолияти эктремистӣ бо истифода аз шабакаи интернет, банду баст кард.

Санксияи қисми 2-и моддаи 3071 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои  маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ намудааст.

Суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавии ҷиноят, дараҷаи хавфнокии он, шахсияти судшаванда, рафтори ў ҳангоми содир намудани ҷиноят ва пас аз содир намудани ҷиноят Қудратулло Азизуллоро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 3071 қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзўр таъин кард.