Дуздӣ — шахсро ба маҳкама бурд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда, судяи суди ноҳияи мазкур Исозода Х.И. дар маҷлисӣ ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳия парвандаи ҷиноятиро нисбати Ҳакимов Анвар Носирович 13 июни соли 1992 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи (Бохтар) ҳозира Кӯшониёни вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, беҳизб, қаблан суд нашудааст, муҷаррад, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, кӯчаи Кайҳонавардон хонаи 72 ҳуҷраи 7 бо моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ санаи 25 майи соли 2018 тахминан соатҳои 21-00 дақиқа, бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, ба назди манзили истиқоматии шаҳрванд Исмоилов Шоҳрух Шамсуллоевич, ки дар ноҳияи Варзоб Ҷамоати деҳоти Чорбоғ деҳаи Шодоб ҷойгир мебошад, рафта барои амалӣ намудани мақсади ҷиноят коронааш, аз шароити барояшон мусоид, яъне набудани соҳибхона, Исмоилов Шоҳрух Шамсуллоевич ва одамони гирду атроф истифода бурда, ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Исмоилов Шоҳрух Шамсуллоевич гардида, бо роҳи кушодани дари манзили истиқоматӣ вориди ҳуҷраҳои манзили истиқоматӣ гашта, аз он ҷо як адад яхдон арзишаш 3000 сомонӣ, як адад мошинаи ҷомашӯи арзишаш 4200 сомонӣ, як адад мизи хӯрокхурӣ арзишаш 9000 сомонӣ, як ҷуфт роҳаткурсӣ арзишаш 12000 сомонӣ, се адад болишти роҳаткурсӣ арзиши ҳарсеашон 2000 сомониро тасарруф намуда, бо ин кирдорҳои ҷинояткоронааш ба шаҳрванд Исмоилов Шоҳрух Шамсуллоевич ҷамъ ба маблағи 30200 сомонӣ зарари калони молумулкӣ расонидааст.

Судшаванда Ҳакимов Анвар Носирович дар мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ эълошуда худашро гунаҳгор нашуморида баёнот дод, ки ӯ ҷинояти дуздиро, ки дар манзили истиқоматии шаҳрванд Исмоилов Шоҳрух Шамсуллоевич санаи 25 майи соли 2018 ба амал омадааст, содир накардааст.

Гарчанде судшаванда Ҳакимов Анвар Носирович худро бо айби ба ӯ эълон шуда гунаҳгор ҳисоб накунад, ҳам гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷинояти нисбаташ ба он айб эълоншуда бо далелҳои парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд буда тасдиқи пурраи худро ёфт.

Суд кирдори судшаванда Ҳакимов Анвар Носировичро бо моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, бо аломатҳои бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил ва ба миқдори калон содир шудааст, пешбинӣ мекунад,  банду баст менамояд.

Суд ҳангоми таъини ҷазо нисбат ба судшаванда Ҳакимов Анвар Носирович дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазои судшаванда,  шахсияти судшаванда Ҳакимов Анвар Носировичро ба инобат гирифта, нисбаташ бо моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, таъин кард.