Фахри мо!

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 07.02.2020 сол Нурализода Сафар Маҷид аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод ва ба вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Дар ҳақиқат Нурализода Сафар Маҷид ҷавонмарди ватандӯст, хештаншинос, оқилу хирадманд ва нексиришту хоксор буда, ҳамеша дар фикри ободии Ватан ва хизмат ба халқ мебошад. Пайваста бо истифода аз донишҳои назариявию амалии худ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъимини адолати иҷтимоӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои нав саъю талош менамояд.

Нурализода Сафар Маҷид 29 ноябри соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ рӯзона хатм кардааст. Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад. Забонҳои англисӣ, русӣ ва туркиро медонад.

Собиқаи корӣ:

— солҳои 2004-2010 пристави суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;

— солҳои 2010-2011 коромӯз-судя;

— солҳои 2011-2020 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Таҷриба ва кордонии Нурализода Сафар Маҷид буд, ки бо фармони Сарвари мамлакат ба вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд. Ин пеш аз ҳама таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кадрҳои ҷавон мебошад, ки дар вазифаи пурмасъул таъин кардани ҷавонон аст.