Фаъолияти кашондани мусофирон иҷозатномаи махсусро талаб мекунад

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Баротов Ғолибҷон Бахтиёрович, 03 феврали соли 1995 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, милаташ тоҷик, маълумоташ миёна,  муҷаррад, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Айнӣ гузаргоҳи 1 хонаи 15, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромад.

Баротов Ғолибҷон Бахтиёрович рўзи  26 апрели соли 2019, бо воситаи нақлиёти тамғаи «Опел астра» рақами қайди давлатиаш 30-60 ДО 01, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи махсус ба кашонидани мусофирон  машғул шудааст,  ки бо  ин  кирдораш талаботи моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, аз тарафи нозири роҳ боздошт шуда, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Баротов Ғолибҷон Бахтиёрович дар рафти мурофиаи судӣ нишондод дод, ки дар ҳақиқат ў рўзи 26 апрели соли 2019, бо воситаи  автомашинааш тамғаи «Опел астра» рақами қайди давлатиаш 30-60 ДО 01, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи махсус ба кашонидани мусофирон машғул будааст. Аз суд хоҳиш кард, ки нисбати ў ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Баротов Ғолибҷон Бахтиёрович боз гуноҳи ў бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуданд тасдиқи худро ёфт.

Суд  бо далелҳои  дар  боло оварда шуда ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Баротов Ғолибҷон Бахтиёровичро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд банду баст кард.

Судя ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Баротов Ғ.Б.-ро, ба инобат гирифта, нисбати ў дар доираи раводиди моддаи номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи  10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 550 (панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.