Хониши идоравӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи суд

Дар асоси нақша-чорабинии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта байни кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинар баргузор мегардад.

Санаи 17 майи соли ҷорӣ низ дар асоси нақшаи мазкур хониши идоравӣ бо роҳбарии ёрдамчии раиси суд Раҷабзода Фаридун гузаронида шуд.

Дар хониши идоравӣ мавзӯҳо оид ба тартиби таҳияи протоколи маҷлиси судӣ, хусусиятҳои коргузорӣ бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ тибқи Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ёрдамчии раиси суд Фаридун Раҷабзода қайд карданд, ки протоколи маҷлиси судӣ дар шакли хаттӣ аз тарафи коти маҷлиси судӣ тартиб дода шуда, аз лаҳзаи оғоз то хотима ёфтани маҷлиси судӣ ва қабули қарори дахлдор бо сабти ҳамаи ҳаракатҳои мурофиавӣ бо пайдарҳамии ҷойдошта пеш бурда мешавад.

Протоколи маҷлиси судӣ бояд дар муҳлатҳои зерин таҳия ва имзо карда шавад:

— бо парвандаҳои ҷиноятӣ на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи хотимаи маҷлиси судӣ;

— бо парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ на дертар аз панҷ рӯзи баъди хотима ёфтани маҷлиси судӣ ва ё на дертар аз рӯзи дигари анҷом додани амали алоҳидаи мурофиавӣ;

— бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ на дертар аз панҷ рӯзи баъди хотима ёфтани маҷлиси судӣ ва бо парвандаҳо, ки бо онҳо ҷазои ҳабси маъмурӣ ва ё бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст, дар муҳлати як шабонарӯз;

— бо маводҳо оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ ва чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ на дертар аз як шабонарӯз баъди хотима ёфтани маҷлиси судӣ;

— бо дигар маводҳо на дертар аз панҷ рӯзи баъди хотима ёфтани маҷлиси судӣ.

Бо ҳамин тартиб  хониши идоравӣ дар шакли саволу ҷавобҳо, ки аз тарафи ширкаткунандагон пешниҳод гардиданд, давом дода шуд.

Дар охир тартиби ягонаи корӣ ҷиҳати иҷрои талаботҳо ва риояи Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандон дастуру тавсияҳо дода шуд.