Идомаи баргузории мулоқоту вохӯрӣ бо хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Санаи 10 октябри соли ҷорӣ, гуруҳи корӣ бо иштироки раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат, сардори шуъбаи умумии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабзода Ф., намоянда аз Шуъбаи амнияти ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани нақша-чорабиниҳо, байни падару модарон, омӯзгорону хонандагони гимназияи №9 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» доир гардид.