Идомаи баргузории мулоқоту вохӯрӣ бо хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 22 январи соли равон, гуруҳи корӣ бо иштироки раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва намоянда аз ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани нақша-чорабинӣ, байни падару модарон, омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир гардид.

Ҷаласаи мазкур дар шакли саволу ҷавоб давом дода шуда, дар охири ҷаласа ширкаткунандаи ҷаласа ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласа: