Идомаи баргузории мулоқоту вохӯрӣ бо хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

26 ноябри соли равон, гуруҳи корӣ бо иштироки раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат ва намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани нақша-чорабиниҳо, байни падару модарон, омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» доир гардид.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории вохӯрӣ