Идомаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар коргоҳу муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 3 декабри соли ҷорӣ, дар асоси нақшаҳои корӣ, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат дар якҷоягӣ намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар коргоҳи ба номи «Гулистон» байни кормандони ин муассиса вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур дар шакли саволу ҷавоб давом дода шуда, дар охири ҷаласа ширкаткунандаи ҷаласа ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.

 

СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА