Идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии қалбакӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санаи 26 феврали соли 2019 дар ҳайати раисикунанда судя Нурализода С.М. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Иноятов Ахмад Баҳромович, санаи тавалудаш 03 июни 1992 сол, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, муваққатан бекор, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи М.Турсунзода 38/2 ҳуҷраи 37, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 332 ва 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард, ки ӯ санаи 25.02.2019 сол тахминан соати 21:00 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21014” бо аломати қайди давлатии қалбаки ВВ 0000 РТ 01, дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе, автомашинаашро идора мекардаст. Бинобар сабаби бо рақами қалбакӣ идора кардани автомобил аз ҷониби кормандони ГБДА ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе манъ карда шуда, барои истеъмоли маводи нашъадор гумонбар дониста шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Иноятов А. дар суд бо гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Иноятов А. гуноҳи ӯ бо дигар далелҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати маводҳо мавҷуд буданд, тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдорҳои содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Иноятов Ахмад Баҳромовичро бо моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии қалбакӣ ва бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, банду баст кард.

Раводиди моддаи 332 нисбат ба раводиди моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои нисбатан вазнини маъмуриро пешбинӣ менамояд аз ин рӯ суд нисбати ҳуқуқвайронкунанда дар асоси қисми 2 моддаи 51 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ дар доираи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазои нисбатан вазнини маъмуриро пешбинӣ менамояд, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.