Ифтихори мо!

4 сентябри соли 2020 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо ордену медал ва ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.

Аз ҷумла, 1 нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 3, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 18 нафар бо медали Ҷасорат, 25 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Қобили қайд аст, ки таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша дар мадди назарашон қарор дорад. Албатта ин боиси ифтихории мо нисбат ба ғамхории Сарвари давлат мебошад. Далели гуфтаҳои мазкур шаҳодат аз он аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигарон Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Пулодӣ Мавҷуда, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Исроил Шоҳимардон, раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам ва раиси суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон муҳтарам Қосимзода Раҳматҷон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Аз ин фурсат истифода карда, бо эҳтиром ва ифтихормандӣ ин нафаронро муборакбодӣ менамоем.

Кормадони мақомоти ҳокимияти судиро дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, боз ҳам кӯшишу фаъолияти хешро беҳтару хубтар намоем.