Ифтитоҳи бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрон ҳамчунин бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст.Фармоишгари корҳои сохтмонӣ Дирексияи сохтмонии иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулгун»-и шаҳри Панҷакент мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонии бинои нави мақомоти милитсия зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки то ин вақт кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар бинои кӯҳнаву фарсуда ва дар шароити номутобиқи корӣ фаъолият доштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 16 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст дошта, дар маҷмуъ дорои шароити хуби корӣ мебошад ва ба системаи ягонаи гармиҳидӣ, ки бо ангишт фаъолият мекунад пайваст карда шудааст. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи кампютерӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Тибқи нақша дар дохили бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ утоқи мизи шиносномадиҳӣ, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, бойгонӣ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ онҳоро барои хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намуда, ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини волооияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.