Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

Нимаи дуюми рӯзи 14 июни соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

15 июн дар Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Ба муносибати сафари давлатии меҳмони воломақом дар саҳни Қасри Миллат ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва парондани 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, иштироки сарони давлатҳо дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қасри миллат маросими имзои санадҳо баргузор гардид, ки дар он бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад ва дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин боз 5 санади тиҷоратӣ, дар маҷмуъ 18 ҳуҷҷати нав, аз ҷумла, ба имзо расид:

Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъмиқи бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегиро Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин имзо карданд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи кӯмаки бебозгашт;

Протоколи талаботи фитосанитарӣ барои содироти лимӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии  Чин оид ба ҳамкории илмӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани  Гурӯҳи  кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот, инчунин созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи филмбардорӣ, оид ба ташкили пойгоҳи коркарди фулузоти нодир, қиматбаҳо ва ранга, оид Барномаи интернет платформаи усули назорати сифат, оид ба лоиҳакашӣ, таъмин, насб, роҳбарӣ, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот барои коргоҳи сементбарорӣ ва оид ба таъсиси ширкати муштарак ва сохтмони объекти коркарди металлургияи ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.