Иштироки раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар мурофиаи сайёри судӣ

5 марти соли равон раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат, бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Мартабшозода Фаридун ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҳимзода Т. дар мурофиаи ошкорои сайёри судӣ дар литсейи №1 ба номи Ниёз Сафар дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунандагон (падару модарони хонандагони литсейи мазкур) дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мавриди баррасӣ қарор доданд.

Санаи 18 феврали соли 2020 хонандагони синфи 10 «а»-и литсейи №1 ба номи Ниёз Сафар дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо худ ба мактаб телефони мобилӣ бурда ва аз он истифода кардаанд, ки нисбати волидони хонандагони мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе ва прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои риоя нагардидани талаботи моддаи 8 сархати 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида буд.

Мутобиқи моддаи 8 сархати 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» – падару модар уҳдадоранд ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд.

Зимни баррасии парвандаҳои мазкур ҳуқуқвайронкунандагон худашонро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур гунаҳгор шумориданд.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо, сабабҳои содиркунии ҳуқуқвайронкунӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ба инобат гирифта шуда, суд ҳуқуқвайронкунандагонро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо (174 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин кард.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории мурофиаи сайёри судӣ: