Изҳори тасаллият

Кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамдардиву тасаллияти самимии хешро ба наздикону пайвандони Маҳрамзода Умед Аҳтам – котиби маҷлиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби фавти падарашон иброз намуда, ба онҳо сабри ҷамилро хоҳон мебошад.

Қайд карда мешавад, ки марҳум Акрамов Аҳтам Маҳрамович падари номбурда солҳои тулонӣ дар мансаби судя ва раиси суди ноҳияҳо кор ва фаъолият намудааст. Мансаби охирини номбурда судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо сабаби вазъи саломатии тӯлонӣ аз вазифа бозхонд гардида буд.