Эълони ҳукм барои барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат 25 феврали соли равон дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳия парвандаи ҷиноятиро нисбати:

Заидов Султон Ситдикович, 27 майи соли 1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи нопурра, ҷои кор надорад, қаблан суд нашудааст, оиладор, соҳиби се нафар фарзандони ноболиғ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи Поён дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян гардид, ки Заидов С.С. санаи 19 январи соли 2020 ҳангоми дар тарабхонаи «Сафина», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳозир буданаш, бо мақсади ғайриқонунӣ ба миқдори кам ба соҳибияти каси дигар додани воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» бо шахсони ба мақомоти милитсия мусоидаткунанда бо тахаллусҳои «П ва Ш» вохӯрда, ба онҳо 12 адад бастаҳои селофани полиэтилении дар дохилашон маводи нашъадордоштаро, ки онҳоро ғайриқонунӣ аз нафари шахсияташ номаълумонда дастрас намуда, бо худ ғайриқонунӣ бо интиқол додан нигоҳ доштааст, ба ивази 1000 сомонӣ фурӯхтааст.

Санаи 20 январи соли 2020 дар натиҷаи азназаргузаронии манзили истиқоматии Заидов С.С, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи-Поён хонаи № 14, аз дохили ҳуҷраи хоби охирон аз дохили ҷевон 31 адад бастаҳои селофанини полиэтиленӣ, ки дохилашон маводи нашъадор доштаанд гирифта мешаванд.

Cудшаванда Заидов Султон Ситдикович худро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ намуда, хоҳиш кард, ки парванда мутобиқи талаботи моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ карда шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ низ бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ намудани парвандаро ҷонибдорӣ намуд.

Суд дар асоси таҳлили якҷояи далелҳои дар вақти тафтишоти пешакӣ ҷамъовардашуда дар маҷмуъ ва далелҳои дигари парвандаи ҷиноятӣ ба хулоса омад, ки судшаванда Заидов Султон Ситдикович дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи моддаи 200 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор, яъне ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва интиқол додани маводи нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ва додани он ба соҳибияти каси дигар ба миқдори кам гунаҳгор мебошад.

Суд ҷинояти содирнамудаи Заидов Султон Ситдиковичро исботшуда ҳисобида, кирдори ӯро бо моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф кард.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо суд принсипи фардикунондани ҷазо, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо, шахсияти судшавандаро ба назар гирифта, Заидов Султон Ситдиковичро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ 1 (як) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар муҳлати 10 шабонарӯз, ба маҳкумшуда бошад дар ҳамон муҳлат пас аз гирифтани нусхаи ҳукм тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм бо асосҳои пешбиникардаи сархатҳои якум ва дуюми моддаи 372 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва ё эътироз намудан мумкин нест.

Суратгузориш аз ҷараёни эълони ҳукм: