Эълони ҳукм барои одамкушӣ, ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ва хабар надодан барои ҷинояти одамкушӣ

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. бо иштироки машваратчиёни халқӣ  дар маҷлиси судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати:

  1. Ашуров Абдуғани Холиқович, санаи таваллудаш 03 октябри соли 1971, зодаи ноҳияи Шаҳринав, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёнаи махсус, муваққатан бекор, оиладор соҳиби се фарзанд, пеш суд нашудааст, то ҳабс ҷои истиқоматаш ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Винокурова Оксана Радиславовна, 14-уми декабри соли 1985 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ рус, таҳсилоташ миёнаи нопурра, муҷаррад, муваққатан бекор, қаблан суд шудааст, аъзои ягон ҳизб нест, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ҷойи муайяни зист, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ шудааст, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Раибов Амирбек Амирбекович, 27-уми июли соли 1983 сол санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопурра, муҷаррад  соҳиби  ду  фарзанд, муваққатан бекор, қаблан пеш суд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ҷойи муайяни зист, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ шудааст, дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 139 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Қайд карда мешавад, ки моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар муқаррар карда, ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ пешбинӣ намудааст.

Моддаи 139 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ҷабрдида ё дигар шахсони ба ў наздик ё истифодаи вазъияти оҷизонаи ҷабрдида анҷом дода шудааст муқаррар карда, ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол пешбинӣ намудааст.

Моддаи 347 қисми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҷавобгарии ҷиноятиро барои хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини аниқ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ў муқаррар карда, ҷазоҳоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ намудааст.

Бо ҳамин пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ашуров Абдуғани Холиқович бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25.10.2019 таҳти №1648, қатъ карда шуда, чораи пешгирӣ нисбати Ашуров Абдуғани Холиқович, дар ҳабс будан бекор карда шуда ў фавран аз ҳабс озод карда шуд.

Судшаванда Винокурова Оксана Радиславовна дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 347 қисми 1  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣтаъин карда шуд.

Бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019, таҳти № 1648, Винокурова Оксана Радиславовна аз адои ҷазо озод гардида, чораи пешгирӣ нисбати Винокурова Оксана Радиславовна дар ҳабс нигоҳ доштан бекор карда шуда, ў  аз толори суд аз ҳабс фавран озод карда шуд.

Судшаванда Раибов Амирбек Амирбекович дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 139 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо моддаи 104 қисми 1 Кодексии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол  ва бо моддаи 139 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол, таъин гардида, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмӯи ҷиноятҳо бо рои қисман зам кардани ҷазоҳо ба Раибов Амирбек Амирбекович ҷазои ниҳоӣ 14 (чордаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

Бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз санаи 25 октябри соли 2019 таҳти № 1648, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Раибов Амирбек Амирбекович, аз чор як ҳисса кам карда шуд.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбати санадҳои судӣ шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

Суратгузориш аз рафти баргузории эълони ҳукм: