Кирдори дуздӣ ошкор ва содиркунандаи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд

12 майи соли судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исмонзода Исфандиёр дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда

Негматов Баҳром Латифович, санаи таваллудаш 21 ноябри 1995, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Абдулло Назри, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи нопурра, муваққатан бекор, муҷаррад, пеш суд шудааст,

бо моддаи 244 қисми 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Негматов Баҳром Латифович дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд:

Судшаванда Негматов Баҳром Латифович дар давраи ноболиғиаш санаи 15 августи 2012 — ум бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ барои содир намудани ҷинояти пешбини шудаи моддаи 244 кисми 2 бандҳои “в” ва “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати як саду шаст соат татбиқ карда шудааст, ки аз ин ба худ хулосаи лозима набароварда ба корҳоӣ фоиданоки ҷамъияти машғул нашуда даст ба содир намудани ҷиноятӣ қасдона задааст.

Чунончӣ, санаи 14 январи 2021-ум тахминан соатҳои 13:40 дақиқа судшаванда Негматов Баҳром Латифович ҳангоми дар назди бозори “Меҳргон” — и шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо мақсадӣ дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр аз беаҳмиятӣ ва бе назоратии шаҳрванд Одинаев Тупал Саийдалиевич истифода бурда, вориди автомобилаш, ки тамғаи “Волво” рақами давлатияш 26 — 50 HP 01, мебошад ворид шуда, як адад болопӯши зимистона (куркаро) гирифта аз ҷой ҳодиса ғайб задааст. Дар дохили ҷейбҳои болопӯши зимистона (курка) бошад, як адад корти ҶСК «Амонатбонк», як адад корти ҶСК ТАКХ «Алиф сармоя», ҳуҷҷатномаи нафақа баромадан, шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи миллӣ, ки онҳо ба ҷабрдида Одинаев Тупал Сайдалиевич таалуқ доранд ва 600 (шаш сад) сомонӣ маблағи накдашро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Судшаванда Негматов Баҳром Латифович дар маҷлиси судӣ худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ намуда, мутобиқи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кард, ки баррасии парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ анҷом дода шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ тарафдори қонеъ намудани дархости судшаванда гардида, хоҳиш намуд, ки дархост қонеъ карда шуда, парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ карда шавад.

Ҷабрдида Одинаев Тупал Сайдалиевич дар маҷлиси судӣ дархости судшавандаро ҷонибдорӣ намуда, баён намуд, ки ӯ нисбати судшаванда ягон даъвои молу мулкӣ надорад ва маблағи 600 (шаш сад) сомонӣ барқарор нашудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки дархости судшаванда қонеъ карда шуда, парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ карда шавад.

Суд, дар асоси таҳлили якҷояи далелҳои дар вақти тафтишоти пешакӣ ҷамъовардашуда, далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ ҷой дошта ба хулоса омад, ки судшаванда дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, гунаҳгор мебошад.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо, суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунадаи ҷазо, шахсияти судшавандаро ба инобат гирифта, Негматов Баҳром Латифовичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 244 қисми 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ, таъин кард.