Маҳкум шудани бародарон барои амалҳои ғайриқонунӣ

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. санаи 8 майи соли ҷорӣ дар маҷлиси ошкорои судии толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбати:

  • Воҳидов Далер Абдукаримович, 06 марти 2000 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, муҷаррад, ҷойи зисташ вилояти Хатлон, шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Вахш, дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Воҳидов Шуҳрат Абдукаримович, 20 ноябри 1997 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи махсус, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, муҷаррад, ҷойи зисташ вилояти Хатлон, шаҳри Левакант, Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Вахш, дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 32 қисми 3-4011, 1792 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Воҳидовҳо дар чунин ҳолат айб намудааст:

Судшаванда Воҳидов Шуҳрат Абдукаримович моҳи сентябри соли 2018-ум бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш ба аъзои фаъоли ташкилоти террористи-экстремистии “Давлати исломӣ” бо номи “Муовия” тавасути шабакаи интернетии “Телеграмм” шинос шуда, ғоя ва мақсадҳои ташкилоти байналмиллали террористӣ-экстремистии ғайриқонунии “Давлати исломӣ”-ро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо роҳнамоии модераторони ташкилоти номбурда бо номи “Умариён” оиди бо роҳи маблағгузорӣ намудан ба аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии номбурдаро қабул намудааст. Бо ин мақсад ў дидаву дониста, ки маблағи медодааш барои таъминоти молиявии ташкилоти террористӣ ва барои содир намудани ҷиноят истифода карда мешавад, саҳми худро ба аъзоёни ташкилоти зикршуда расониданӣ шуда, ба таклифи “Умариён” оиди ба ҷо овардани ҷиҳоди молӣ ва бо ин мақсад додани маблағи 32000 рубли Федератсияи Россия розигӣ дода, моҳи октябри соли 2018, ки тарихи рӯзаш аниқ карда нашудааст, маротибаи аввал 15000 рубли Федератсияи Россия ва маротибаи дуюм такроран маблағи 17000 рубли Федератсияи Россия барои истифода ба аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ба ном «Давлати исломӣ» тавасути суратҳисоби бонкӣ ба номи Тоҷматов Шукрулло ирсол намудааст.

Боз ӯ аз моҳи ноябри соли 2018 бо ҳамроҳи бародараш Воҳидов Далер Абдукаримович ҳангоми дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон дар шабакаи интернетӣ бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ” бо номи “Муовия” тавасути шабакаи интернетии “Телеграмм” шинос шуда, ғоя ва мақсадҳои ташкилоти байналмиллали террористӣ-экстремистии ғайриқонунии “Давлати исломӣ”-ро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти иттиҳодияи ҷиноятӣ ва задухурдҳои мусаллаҳона, воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, қасдан нияти ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтан ва пайвастан ба сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии зикршуда ва дар якҷоягӣ бо онҳо“ҷиҳод” намуданро кардаанд. Сипас, бо мақсади амалӣ намудани нияти худ онҳо бо маслиҳати пешакӣ бо шахси номаълум бо номи “Муовия”санаи 06-уми феврали соли 2019 чиптаи ҳавопаймо харидорӣ намуда, аз фурудгоҳи Внукова тариқи хатсайри самти “Москва-Истанбул” ва сипас “Истанбул-Теҳрон” ба Ҷумҳурии Туркия парвоз карданӣ шудаанд. Дар фурудгоҳи шаҳри Москва онҳоро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт намуда, аз мақсади онҳо воқиф гардида онҳоро бозпас ба шаҳри Душанбе фиристонидаанд ва номбурдагон новобаста аз иродаашон, мақсади худро то охир амалӣ карда натавонистаанд.

Судшаванда Воҳидов Далер Абдукаримович аз моҳи ноябри соли 2018 бо ҳамроҳи бародараш Воҳидов

Шуҳрат Абдукаримович ҳангоми дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон дар шабакаи интернетӣ бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ” бо номи “Муовия” тавассути шабакаи интернетии “Телеграмм” шинос шуда, ғоя ва мақсадҳои ташкилоти байналмиллали террористӣ-экстремистии ғайриқонунии “Давлати исломӣ”-ро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти иттиҳодияи ҷиноятӣ ва задухурдҳои мусаллаҳона, воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, қасдан нияти ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтан ва пайвастан ба сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии зикршуда ва дар якҷоягӣ бо онҳо “ҷиҳод” намуданро кардаанд. Сипас, бо мақсади амалӣ намудани нияти худ онҳо бо маслиҳати пешакӣ бо шахси номаълум бо номи “Муовия” санаи 06-уми феврали соли 2019 чиптаи ҳавопаймо харидорӣ намуда, аз фурудгоҳи Внукова тариқи хатсайри самти “Москва-Истанбул” ва сипас “Истанбул-Теҳрон” ба Ҷумҳурии Туркия парвоз карданӣ шудаанд. Дар фурудгоҳи шаҳри Москва онҳоро кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ боздошт намуда, аз мақсади онҳо воқиф гардида, онҳоро бозпас ба шаҳри Душанбе фиристонидаанд ва номбурдагон новобаста аз иродаашон, мақсади худро то охир амалӣ карда натавонистаанд.

Судшаванда Воҳидов Шуҳрат Абдукаримович дар мурофиаи судӣ дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 32 қисми 3-4011, 1792 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра айбдор шуморида, аз кирдорҳои содирнамудааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки ҷавонии ўро ба инобат гирифта, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда шавад.

Судшаванда Воҳидов Далер Абдукаримович дар мурофиаи судӣ худашро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 32 қисми 3-4011 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоман айбдор нашуморида, нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ додаашро тасдиқ накарда, нишондод дод, ки ў бо шабакаи интернетӣ бо ягон аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ” суҳбат накарда, нияти ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтан ва пайвастан ба сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ва дар якҷоягӣ бо онҳо “ҷиҳод” намуданро надоштааст. Акааш Воҳидов Шуҳрат ўро фиреб дода, ба ў гуфта будааст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди падару модар бармегардем. Оиди ба шаҳри Истамбул рафтанашон ў баъди дастгир шуданашон огоҳ шуда будааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки ҷавонии ўро ба инобат гирифта, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда шавад.

Гарчанде, ки судшаванда Воҳидов Шуҳрат Абдукаримович бо айбҳои ба ў эълоншуда бо моддаҳои 32 қисми

3-4011, 1792 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, судшаванда Воҳидов Далер Абдукаримович бо айби ба ў эълоншуда бо моддаи 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро тамоман гунаҳгор наҳисобиданд, гуноҳи онҳо дар содир намудани ҷинояти мазкур, бо нишондоди шоҳидон ва далелҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда, ки аз ҷониби суд мавриди таҳқиқ ва муҳокима қарор дода шуданд, пурра тасдиқи худро ёфт.

Далелҳои дар рафти мурофиаи судӣ таҳқиқшударо таҳлил карда, суд ҳисоб кард, ки гуноҳи Воҳидов Далер Абдукаримович ва Воҳидов Шуҳрат Абдукаримович дар содир намудани ҷиноятҳои мазкур пурра исботи худро ёфтааст, аз ин рў, суд кирдори судшаванда Воҳидов Далер Абдукаримовичро бо моддаи 32 қисми 3-4011 Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сўиқасди ҷинояти иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, кирдори судшаванда Воҳидов Шуҳрат Абдукаримовичро бо моддаи 32 қисми 3-4011  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сўиқасди ҷинояти иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, бо моддаи 1792 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террорист алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё, ин ки воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1793,181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи Кодекси мазкур истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он ба акта (актҳои) террористии мушаххас алоқаманд набошад, бо аломатҳои такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, банду баст  кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазо нисбати судшавандаҳо Воҳидов Далер Абдукаримович ва Воҳидов Шуҳрат Абдукаримович дар асоси талаботи моддаи 60 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, шахсияти гунаҳгорон, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд ва талаботҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тањти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ”-ро ба инобат гирифта, нисбаташон чунин ҷазо таъин кард:

Воҳидов Шуҳрат Абдукаримович бо моддаҳои 32 қисми 3-401ва 1792  қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунањгор дониста шуда ба ў:

-бо моддаи 32 қисми 3-401Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол;

-бо моддаи 1792 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 (даҳ) сол;

Дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида ба Воҳидов Шуҳрат Абдукаримович ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин кард.

Воҳидов Далер Абдукаримович  бо моддаи  32 қисми 3-401Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол бо адо намудани бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин кард.