Маҳкум шудани шахс барои амали номатлуби хусусияти ифротгаротидошта

Имрӯзҳо терроризм хусусияти глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон зиёда аз 400 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд.

Масаъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ аз таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Асогузори сулҳу Ваҳдати  миллӣ, Призиденти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон мадди назар низ нашудааст. Чунончи Пешвои миллат, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд карда буданд:

«…Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам.

Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.»

Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам аз тарафи баъзе аз шахсон даст ба содир намудани ҷиноятҳои хусусияти эсктремистиву террористидошта ба чашм мерасад. Бо ҳамин мисол оварда метавонем, ки судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Х.И. бо иштироки машваратчиёни халқӣ Ҳақбердиев И.Х. ва Алиҷони С. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:

Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич, 28 сентябри соли 1985 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, беҳизб, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби се фарзанд, сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, Ҷамоати деҳоти Бохтариён,

дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 187 қисми 2 ва 32 қисми 1-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаи 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва дигар намояндагони гурӯҳҳои мутташакил пешбинӣ мекунад ва бо моддаҳои 32 қисми 1-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои тайёрӣ ба иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо пешбинӣ мекунад, айб эълон гардида буд.

Судшаванда Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич дар мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ эълошуда худашро қисман гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ бо ин ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде судшаванда Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич худашро бо айби ба ӯ эълоншуда қисман гунаҳгор ҳисоб намуда буд, гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои нисбаташ ба онҳо айб эълоншуда бо далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда, ки зимни баррасии парванда мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, тасдиқи пурраи худро ёфт.

Бинобар ин суд кирдорҳои судшаванда Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевичро бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 32 қисми 1-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст кард.

Суд ҳангоми нисбати судшаванда Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич таъини ҷазои ҷиноятӣ, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад,  талаботҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)”-ро ба инобат гирифта, нисбати номбурда чунин ҳукм кард:

Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 32 қисми 1-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шавад.

Ба Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич бо моддаи 187 қисми 2  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 (ҳашт) сол, таъин карда шавад.

Ба Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич бо моддаи 32 қисми 1-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 64 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 (даҳ) сол таъин карда шавад.

Бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоӣ нисбати Ҳусенов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 11 (ёздаҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт, таъин карда шавад.