Маҷлиси идона бахшида ба фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 сентябри соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба бахшида ба фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси суд Сангинзода Ғайрат, муовини раиси суд Кабирзода Сарфароз, судяҳо Исозода Хуршед, Ҳамидзода Муҳаммад, Шарофзода Баҳодур, Ширинзода Ҷурабек ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур сараввал раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат кормандони судро бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз арзиши олии ин ҷашни бузург барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниётҳои некӣ худро иброз доштанд.

Қайд карда шуд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки бисту ҳашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш 9 сентябр расман Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик Иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Дар охири ҷаласа ширкаткунандаи ҷаласа ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.