Маҷлиси корӣ бахшида ба тағйироти кадрӣ

Нимаи аввали рӯзи 10 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси корӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд доир гардид.

Маҷлиси мазкурро раиси суд Сангинзода Ғайрат кушода, қайд карданд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2020 ҷой ивазкунӣ ва бори аввал ба вазифаи пурмасъул – судя таъин карда шуданд. Аз он ҷумла, Кабирзода Сарфароз Мизроб – ба вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод карда шуд. Нурализода Сафар Маҷид – ба вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод карда шуд. Ва Исмонзода Исфандиёр ба вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.