Маросими савгандёдкунии судяҳои бори аввал таъингардида

Нимаи дуюми рӯзи 7 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба савгандёдкунии судяҳои бори аввал таъингардида доир гардид. Дар ҷамъомади мазкур раисон, муовинон ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, судҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва кормадони дастгоҳи судҳои номбурда иштирок доштанд.
Ҷаласаи мазкурро Лутфуллозода Шавкат — Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода, аввалан нафарони таъингардидаро ба вазифаи пурмасъул муборакбодӣ намуда, қайд карданд, ки судяҳо ҳамчун намояндаи босалоҳияти давлат дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд одоби касбиро риоя намуда, вазифаи бошарафи судягиро бо фарҳанг ва масъулияги баланд амалӣ намоянд.
Ёдовар гардид, ки нимаи аввали худи ҳамин рӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 153 нафар ба вазифаи судя таъин карда шуд. Аз 153 нафаре, ки ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъин гардидаанд, 58 нафарашон баъди таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат тариқи озмун ба Маркази таълимии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун судя-коромӯз ба таҳсили яксола фаро гирифта шуда, бори нахуст ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин гардиданд.
Дар идомаи ҷаласа маросими савгандёдкунии судяҳои бори аввал таъингардида оғоз гардид. Қайд кардан бо маврид аст, ки тибқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Дар охир ба ҳамаи кадрҳои таъингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту таманниётҳои нек орзу гардида, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванд аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ карда шуд.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласа: