Муомилаи дағалонаи ноболиғ боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани падараш гардид

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар литсейи Касбии Алоқаи №5-и ш.Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Амиров Умедҷон Саидович, 28-уми июни 1976 соли таваллудаш, ҷои таваллуд шаҳри Бохтар (ш.Қурғонтеппа), таҳсилоташ олӣ, оиладор соҳиби чор фарзанд, муваққатан бекор, ҷои истиқоматаш ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа деҳаи Обчакорон, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард:

Амиров Умедҷон Саидович падари ноболиғ Амиров Масъуд Умедович 11-уми декабри 2001 соли таваллудаш буда, ўҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро накардааст, ки дар натиҷа, санаи 04 декабри 2018 сол ноболиғ Амиров Масъуд Умедович донишҷуйи бахши дуюми гуруҳи №84 Литсейи Касбии Алоқаи №5-и шаҳри Душанбе дар саҳни литсей бо ҳамроҳии Ёфтаков Ҷаҳонгир ва ноболиғ Шодмонов Шерзод, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ намуда, ҷангу ҷангҷол намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Амиров Умедҷон Саидович дар мурофиаи сайёри судӣ худро гунаҳгор шуморида, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гунаҳгории Амиров Умедҷон Саидович, дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ғайр аз худиқрории ў, инчунин бо далелҳои дигари парванда, исбот гардид.

Мутобиқи моддаи 8 сархати 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -падару модар ўҳдадоранд кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиёни фарзандонашонро пешгирӣ намоянд.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Амиров Умедҷон Саидовичро бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ўҳдадориҳо оид ба тарбияи фарзандони ноболиғ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молу мулкӣ ва оилавии ҳуқуқвайронкунанда Амиров Умедҷон Саидовичро ба эътибор гирифта ба хулоса омад,  ки нисбати ў дар раводиди моддаи номбурда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 200 (дусад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.