Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати Маҳмадназаров Исломиддин Соҳибназарович, 15 апрели 1985 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикиситон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бе ҳизб, қаблан суд нашудааст, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, муваққатан бекор, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, маҳалаи Бунёдкорон, хонаи 28 бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, муайян кард, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2018 аз шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ ихтиёран ёрирасон бо тахаллуси “Ш” ба ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маълумоти оперативӣ оиди ғайриқонунҷӣ бо худ доштани воситаҳои нашъадори навъи “афюн” аз тарафи Назаров Имомназар Сайфуллоевич ворид гардидааст. Дар асоси маълумоти мазкур аз ҷониби кормандони ШКҶ ШВКД дар ноҳия парвандаи оперативӣ оғоз карда шуда, шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ ихтиёран ёрирасон бо тахаллуси “Ш” ҳамчун харидори воситаҳои нашъадор ба гуруҳи ҷиноятпеша ворид карда шудааст. Санаи 13 ноябри соли 2018 ба шахси мусоидаткунанда Назаров И.С тавассути телефони мобилӣ ҳамсухбат шуда гуфтааст, ки маводҳои нашъадорро дар наздикии бинои РБДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар кўчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе дар таги як дарахт гузоштааст онро гирифта маблағи маслиҳат намудаашро ба намояндаи ӯ дар шаҳри Душанбе диҳад. Худи ҳамон рӯз шахси мусоидаткунада аз ҷойи гуфтаи Назаров И.С. маводи нашъадорро дар як селофани рангаш кабуд, ки дар дохили он 10 бастаи селофани маводи нашъадори навъи “афюн” буд гарифтааст, ки ин мавод худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони милитсия аз шахси мусоидаткунавнда ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта шудааст. Шахси мусоидаткунанда бо Назаров И.С. тариқи телефони мобилӣ ҳамсуҳбат шуда, зимни суҳбат Назаров И.С. гуфтааст, ки бар ивази маводи нашъадори додааш маблағҳои пулии 7000 доллари ИМА-ро ба намояндаи ӯ дар назди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе расонад. Санаи 13 ноябри соли 2018 тахминан соатҳои 16:00 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҳангоми маблағи пулӣ 4250 доллари ИМА гирифтани судшаванда Маҳмадназаров Исломиддин Соҳибназарович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда ба бинои ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе дастрас гардида, аз номбурда маблағи мазкур ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта шудаанд.

Дар маҷлиси судӣ судшаванда Маҳмадназаров Исломиддин Соҳибназарович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор шуморида, нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ додаашро пурра тасдиқ намуда, аз додани нишондод дар мурофиаи судӣ худдорӣ намуда, аз кирдори содирнамудааш сидқан изҳори пушаймонӣ намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки ҷавони фарзандони ноболиғи дар таъминоти ў бударо ба инобат гирифта нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде, ки судшаванда Маҳмадназаров Исломиддин Соҳибназарович бо айби ба ў эълоншуда бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор ҳисоб кард, гуноҳи ў дар содир намудани ҷинояти мазкур, бо нишондоди шоҳидон ва далелҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда, ки аз ҷониби суд мавриди таҳқиқ ва муҳокима қарор дода шудаанд, пурра тасдиқи худро ёфт.

Суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавии ҷиноят, дараҷаи хавфнокии он, шахсияти судшаванда, рафтори ў ҳангоми содир намудани ҷиноят ва пас аз содир намудани ҷиноят, ба мақсад мувофиқ донист, ки баҳри пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав ва бо мақсади ислоҳ намудани судшаванда нисбати Маҳмадназаров Исломиддин Соҳибназарович дар доираи раводиди қисми 3 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нўҳ) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзўр таъин кард.