Мурофиаи судӣ нисбати нашъаҷаллобон кушода эълон гардид

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суд санаи 24 апрели соли 2019 парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандаҳо:

  1. Саидов Фирдавс Шералиевич, 23-юми августи соли 1990 санаи таваллудаш, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, муҷаррад, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в» ва «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст;
  2. Саъдонов Орифҷон Маҳмадзарифович, 26-уми июли соли 1980 санаи таваллудаш, зода ва сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, шаҳраки Ҳулбук, кӯчаи Ҷ.Рӯмӣ, оиладор соҳиби шаш фарзанд, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муваққатан бекор, қаблан бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои «а» ва «г», 274 қисми 4 банди «б», 32 қисми 2-247 қисми 3 банди «б» ва 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст;
  3. Холматзода Маҳмадаминҷон Аюбҷон, 27-уми июли соли 1996 санаи таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов, деҳаи Озода, оиладор соҳиби як фарзанд, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст;
  4. Каримов Усмон Буриевич, 22-юми январи соли 1986 санаи таваллудаш, зода ва сокини ноҳияи Файзобод, кӯчаи А.Ҷомӣ, оиладор соҳиби як фарзанд, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо моддаи 200 қисми 3 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Тафтишоти пешакӣ нисбати судшавандаҳо Саидов Фирдавс Шералиевич, Саъдонов Орифҷон Маҳмадзарифович, Холматзода Маҳмадаминҷон Аюбҷон, Каримов Усмон Буриевич чунин айб эълон кардааст:

Ба кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул будани судшавандаҳо Саидов Ф.Ш. ва Саъдонов О.М. маълумоти оперативӣ ворид гардида, барои минбаъд гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҳамчун харидор шахси ба мақомоти мусоидаткунанда бо номи шартии «Р» ворид карда мешавад. Аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санад барои харидори озмоишӣ воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» ба шахси мусоидаткунанда бо номи шартии «Р» ба маблағи 1000 сомонӣ дода мешавад. Сипас шахси мусоидаткунанда аз рӯи қиссаҳои бофтаи кормандони милитсия амал намуда, дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе бо Саидов Ф.Ш. вохӯрда, барои ғайриқонунӣ дастрас намудани воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» маблағи 1000 сомониро медиҳад.

Баъдан Саидов Ф.Ш. бо мақсади дастрас намудани воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» ва бо ҳамин роҳ фоидаи муфт ба даст овардан ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ба ҷойи таъин намудани «Шодӣ» ном шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум рафта бо номбурда дар назди бозори Марказии шаҳри Кӯлоб вохӯрда, барои дастрас намудани воситаҳои нашъадор ба «Шодӣ» маблағи 1000 сомонӣ медиҳад.

Сипас Шодӣ маблағи мазкурро гирифта ваъда медиҳад, ки ӯро хабардор мекунад, ки омада воситаҳои нашъадорро гирад, ӯ амалҳои ҷинояткоронаи худро давом дода истода, тахминан санаи 4 январи соли 2019, тибқи маслиҳати пешакӣ таҳрезӣ намудаашон бо Шодӣ дар алоқа шуда, ҷойи вохӯрӣ ва доду гирифти воситаҳои нашъадорро шаҳри Кӯлоб таъин менамоянд. Баъд ӯ бо мақсади дастрас намудани воситаҳои нашъадор ба шаҳри Кӯлоб рафта бо Шодӣ вохӯрда бар ивази маблағи додааш як миқдор воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-ро ғайриқонунӣ ба соҳибияти ӯ медиҳад.

Саидов Ф.Ш. дар навбати худ воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш»-ро ғайриқонунӣ бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додану ва бо ҳамин роҳ фоидаи муфт ба даст овардан интиқол дода ба шаҳри Душанбе оварда, ба шахси мусоидаткунанда бо номи шартии «Р» медиҳад.

Боз кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои оперативиашонро идома дода, бо мақсади миқдори зиёди воситаҳои нашъадор мусодира намудан, шахси мусоидаткунанда дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе бо Саидов Ф.Ш. вохӯрда, ба ивази 10 000 сомонӣ дастрас намудани воситаҳои нашъадорро таклиф мекунад.

Саидов Ф.Ш. бо мақсади дастрас намудани воситаҳои нашъадор тахминан санаи 25 январи соли 2019, бо шиносаш Саъдонов Орифҷон Маҳмадзарифович вохӯрда, аз рӯи маслиҳати пешакӣ, нақшаи ҷинояткоронашонро таҳрезӣ менамоянд.

Саъдонов О.М. дар навбати худ ӯҳдадор мешавад, ки ба воситаи шиносаш Қаҳоров Умарали Мавлонович сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов воситаҳои нашъадор дастрас карда метавонад.

Санаи 4-ум ба 5-уми феврали соли 2019 тахминан соати 10 Саъдонов О.М. бо ӯ аз рӯи маслиҳати пешакӣ кардаашон дар алоқа шуда, дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе бо ҳам вомехӯранд. Саъдонов О.М. мегӯяд, ки бо Қаҳоров У.М. дар хусуси ғайриқонунӣ дастрас намудани як килограмм воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» дар маблағи 10 000 сомонӣ маслиҳат намудаанд, Қаҳоров У.М. воситаҳои нашъадорро интиқол дода, ба ҷойи таъиннамудаи Саъдонов О.М. ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, маҳаллаи Истиқлол-4 меорад. Баъдан Саъдонов О.М. ба ӯ занг зада мегӯяд, ки Қаҳоров У.М. корро ба таъхир гузоштааст.

Боз, санаи 7 феврали соли 2019, Саъдонов О.М. бо ӯ дар алоқа шуда, мегуяд, ки Қаҳоров У.М. маводи нашъадор омода шудааст. Саъдонов О.М. бо Қаҳоров У.М. ва ӯ худи ҳамон рӯз дар вақти муайяншуда, ҷойи вохӯриро дар ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Истиқлол-4 таъин менамоянд.

Сипас, Саидов Ф.Ш. дар навбати худ бо мақсади ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ва бо ҳамин роҳ ба даст овардани даромади муфт ба шахси мусоидаткунанда ба номи шартии «Р» дар алоқа шуда, мегӯяд, ки маводи нашъадор омода шуда, маблағи 10 000 сомониро гирифта биёрад. Сипас шахси мусоидаткунанда бо Саидов Ф. худи ҳамон рӯз тахминан соатҳои 15 ба 16 дар алоқа шуда, ҷойи вохӯриро маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе таъин менамоянд. Дар ҷойи таъингардида шахси мусоидаткунанда бо Саидов Ф. вохӯрда, ҳамроҳ ба ҷойи таъиннамудаи Саъдонов О. ва Қаҳоров У. барои дастрас намудани воситаҳои нашъадор мераванд.

Дар ҷойи таъиншудаи Саъдонов О.М. ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, деҳаи Истиқлол-4 бо ҳамроҳии шахси мусоидаткунанда бо Саъдонов О. аз рӯи маслиҳати пешакӣ кардаашон вомехӯранд. Саъдонов О. бошад фурӯшандаи воситаҳои нашъадор Қаҳоров У.М.-ро даъват менамояд. Қаҳоров У.М. бо автомобили тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 4500 АТ 01, ки ба Холматзода Маҳмадаминҷон Аюбҷон тааллуқ дорад ва шиноси Саъдонов О.М.-Каримов Усмон Буриевич ба он ҷо ҳозир мешаванд. Қаҳоров У.М. ҳангоми дар ҷойи таъингардида ҳозир шуданашон аз автомобил фаромада, бастаи воситаи нашъадор, ки дар зери бағалаш будааст, дар партовгоҳи он ҷо буда пинҳон менамояд.

Баъдан Қаҳоров У. бо Саъдонов О. ва Саидов Ф. аз рӯи маслиҳати пешакӣ кардаашон дар ҷойи таъиншуда вомехӯранд. Холматзода М.А. ва Каримов У.Б. бошад аз ин амали ҷинояткоронаи онҳо хабардор набуданд, танҳо дар ҳузури номбурдагон Саидов Ф.Ш. маблағи 10 000 сомониро аз дасти шахси мусоидаткунанда бо номи шартии «Р», ки дар он вақт бо автомобили тамғаи «Мерседес» дар он ҷо ҳузур дошта, тибқи қонун амал мекард, гирифта, ба дасти Қаҳоров У.М. медиҳад. Сипас Саидов Ф.Ш. воситаҳои нашъадорро дар он ҷо ғайриқонунӣ соҳиб мегардад. Саъдонов О.М. аз Қаҳоров У.М. ҳаққи хизматаш 1800 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 400 сомониашро ба дасти Саидов Ф.Ш. медиҳад.

Гарчанде Холматзода М. ва Каримов У. аз амалҳои ҷинояткоронаи онҳо оиди хариду фурӯши воситаҳои нашъадор огоҳ бошанд ҳам, мебоист оиди ин амалҳои ҷинояткорона ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар мерасониданд, инро сарфи назар намуда, хомӯширо ба худ пеша карда, ҷинояти вазнини тайёршуда истодаро пинҳон менамоянд.

Бо ҳамин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Саидов Ф.Ш. ва Саъдонов О.М. аз тарафи кормандони РМЗГҒММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда мешаванд.

Бо ин ҳаракатҳои ҷиноят содиршуда нисбати Саидов Ф.Ш. ва Саъдонов О.М. бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «а,в,г,д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар ҳолати ретсидиви хавфнок, такроран, ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристонидан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо малиҳати пешакӣ ба миқдори калон), нисбати Холматзода М.А. ва Каримов У.Б. бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷавобгарии ҷиноятӣ барои хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнини аниқ маълуми тайёршудаистода ё ҷинояти содиршуда, ҳамчунин, хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Суд кирдори Саидов Ф.Ш. ва Саъдонов О.М. бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «а,в,г,д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холматзода М.А. ва Каримов У.Б.-ро бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда нисбаташон чунин ҷазо таъин кард:

Ба Саидов Фирдавс Шералиевич бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «а,в,г,д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 (дувоздаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт.

Мутобиқи талаботи моддаи 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо бо роҳи ба ҷазои бо ҳукми нав таъин гардида, ба Саидов Ф.Ш. ҷазои ниҳоӣ 13 (сенздаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳиии дорои низомаш сахт таъин кард.

Ба Саъдонов Орифҷон Маҳмадзарифович бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «а,в,г,д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 (дувоздаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт.

Ба Каримов Усмонов Буриевич бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 (як) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт. Чораи пешгирӣ нисбати Каримов У.Б. дар бораи тарк накардани маҳалли зист тағйир дода шуда, ӯ аз толори маҷлиси судӣ ба ҳабс гирифта шуд.

Ба Холматзода Маҳмадаминҷон Аюбҷон бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 600 (шашсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 33 000 (сию се) ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуданд.