Нақш ва ҷойгоҳи Парчам дар ҷомеаи имрӯза

Ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошт, ки ҳамчун муқаддасот дар сохтори  давлатдорӣ  ба шумор меравад. Парчами давлатӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки  симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами давлатӣ ин пос  доштан ва ҳимоя кардани  Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст. Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳокима ва тасдиқ гардида буд. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза, барафрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати «Рўзи парчам» аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва қайд карда буданд:

Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Барои ҳар фарди бонангу ори кишвари соҳибистиқлоламон боиси ифтихору саодат аст, ки Парчами давлатӣ ба тарғибу ҳифзи дастовардҳои кишвар, пойдории сулҳу субот, ҳамзистии осоишта, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз пайваста чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар бо афрохтани Парчами давлатӣ дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматкаши кишварамон зиндагии худро таҳти партави нури ҳаётбахшу роҳнамои ин рукни муҳими арзишҳои миллӣ пеш мебаранд. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои мамолики узви Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ дорад.

Дар охир андешаҳои хешро пиромуни ин рамзи муҳими давлатӣ бо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима мебахшем: «Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!».

 

Рӯзафзуни Шодмонрух – котиби маҷлиси судии суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе