Оқибати ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ

8 январи соли ҷорӣ судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳия парвандаи ҷиноятиро нисбати:

Шукуров Абдулазиз Остонақулович,  10 апрели соли 1991 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Турсунзода,  миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопурра,  муҷаррад, муваққатан бекор, уҳдадории ҳарбӣ надорад, пеш суд нашудааст, аъзои ягон ҳизб нест, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ҳабс ҷойи истиқоматаш шаҳри Турсунзода нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ шудааст,

дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

Қаюмов Мурод Ваҳобович, 13 декабри соли 1982 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душабе,  миллаташ ӯзбек, таҳсилоташ олӣ,  оиладор соҳиби чор фарзанд, муваққатан бекор, уҳдадории ҳарбӣ надорад, пеш суд нашудааст, аъзои ягон ҳизб нест, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ҳабс ҷойи истиқоматаш шаҳри Душанбе нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ шудааст,

дар  содир  намудани  ҷинояти  бо  моддаи  281  қисми  2  бандҳои  “а,б,в”  Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Судшавандагон Шукуров Абдулазиз Остонақулович ва Қаюмов Мурод Ваҳобович дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задаанд.

Чунончи, Шукуров А. моҳи июли соли 2019 ҳангоми дар Ҷумҳурии Туркия қарор доштанаш бо Самиев Ҳусейн Киромидинович истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода ва Намазова Марям Шарифовна, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода дар бораи  ба  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакӣ ва аз ин ҳисоб даромади муфт ба даст овардан маслиҳати пешакӣ намудаанд.

Тибқи ин маслиҳати пешакӣ Намазова М.Ш. аз шахсони номаълум 20000 (бист ҳазор) доллари ИМА-и қалбакиро дастрас намуда, ба Шукуров А.О. додааст. Шукуров А.О. бошад дар навбати худ 20000 (бист ҳазор) доллари ИМА-и қалбакиро ҷиҳати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додан ба Самиев Ҳ.К. додааст, ки Самиев Ҳ.К. 20000 (бист ҳазор) доллари ИМА-и қалбакии аз Шукуров А.О. дастрас намудаашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

Баъди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани 20000 (бист ҳазор) доллари ИМА-и қалбакӣ тахминан моҳи августи соли 2019 Шукуров А.О. ба Самиев Ҳ.К. тавассути шабакаи интернетӣ бо истифодаи барномаи интернетии «Имо» занг зада, иброз намудааст, ки аз маблағи зикргардида 10 000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА-и қалбакиро ҷиҳати ба муомилот баровардан ба Қаюмов Мурод Ваҳобович истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе диҳад. Самиев Ҳ.К. дар ҳудуди деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Тунсунзода бо Қаюмов М.В. вохўрда, ба ў 10 000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА-и қалбакиро додааст. Қаюмов М.В. тибқи маслиҳати пешакӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо Саидов Арасту Рауфович вохўрда асъорҳои зикргардидаи қалбакиро ба охирон додааст. Саидов А.Р. бошад 10 000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА-и қалбакиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба шахсони номаълум ба муомилот бароварда, фоидаи аз ин ҳисоб ба даст овардаро бо Қаюмов М. тақсим намуда, як қисми дигарашро барои Намазова М.Ш. ба Ҷумҳурии Туркия интиқол додаанд.  Шукуров А.О. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода истода, санаи 2 сентябри соли 2019 дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркия аз Намазова М.Ш. 10000 (даҳ) ҳазор доллари ИМА-и қалбакӣ гирифта, онҳоро санаи 03 сентябри соли 2019 тавассути ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст ва худи ҳамон рўз тибқӣ маслиҳати пешакӣ Шукуров А.О. дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо Қаюмов М.В. вохўрда, 10000 (даҳ) ҳазор доллари ИМА-и қалбакиро ба охирон додааст.

Қаюмов М.В. бошад, дар навбати худ тибқӣ маслиҳати қаблан кардаашон бо Саидов А.Р. вохўрда, асъорҳои зикргардидаи қалбакиро ба охирон дода будааст. Саидов А.Р. бошад 10 000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА-и қалбакиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба шахсони номаълум ба муомилот бароварда, фоидаи аз ин ҳисоб ба даст овардаро бо Қаюмов М. тақсим намуда, як қисми дигарашро барои Намазова М.Ш. ба Ҷумҳурии Туркия интиқол додаанд. Шукуров А.О. баъди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштан дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо Самиев Ҳ.К. вохўрда, аз охирон 10 000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА-и қалбакии қаблан додаашро бозпас гирифта, аз ин 1200 доллари ИМА-и қалбакиро ба шаҳрванд Шукуров Баракатулло Бобошарифович, 200 доллари ИМА-и қалбакиро ба шаҳрванд Турсунов Ҳоҷӣ Рустамович, 100 доллари ИМА-и қалбакиро ба шаҳрванд Ғафоров Далер Абдуфатоевич, 500 доллари ИМА-и қалбакиро ба шаҳрванд Шукуров Шукрулло Тошпулотович ва боқимондаашро дар ҳолатҳо ва ба шахсони номаълум ба муомилот бароварда, фоидаи аз ин ҳисоб ба даст овардаашро ба манифати шахсиаш сарф намудааст.

Ҳангоми гузаронидани корҳои оперативӣ аз тарафи кормандони милитсия дар маҷмуъ 1700 (як ҳазору ҳафтсад) доллари ИМА-и қалбакии ба муомилот баровадаи Шукуров А.Г. ёфта, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Судшаванда Шукуров Абдулазиз Остонақулович дар мурофиаи судӣ худашро бо айби нисбаташ бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон эълоншуда гунаҳгор шуморида, дурустии айби эълоншударо пурра тасдиқ намуда ва тибқи талаботи моддаи 311 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз додани нишондод худорӣ карда, илова намуд, ки ў аз ҷинояти содир намудааш сидқан  пушаймон мебошад, аз гумроҳи ба чунин кирдор даст задааст, сидқан пушаймонӣ ва мусоидат кардани ў ба тафтишот ба инобат гирифта шуда, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Судшаванда Қаюмов Мурод Ваҳобович дар мурофиаи судӣ худашро бо айби нисбаташ бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ ҶТ эълоншуда қисман гунаҳгор шуморида, аз ҷинояти содир намудааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки бори аввал ҷиноят содир намудан, чор фарзанди ноболиғ доштан ва дар оила ягона таъминотчӣ будани ў ба инобат гирифта шуда, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Суд кирдори судшаванда Шукуров Абдулазиз Остонақуловичро бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро  барои ба муомилот баровардани  асъори хориҷии қалбакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон ва кирдори судшаванда Қаюмов Мурод Ваҳобовичро бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б,в”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон, такроран муқаррар менамояд, банду баст кард.

Ҳангоми таъини ҷазо ба судшавандагон Шукуров А.О. ва Қаюмов М.В.  суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд ба назар гирифта ба чунин хулоса омад:

Судшавандагон Шукуров Абдулазиз Остонақулович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаюмов Мурод Ваҳобович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б,в”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо чунин ҷазо таъин гардид.

Ба Шукуров Абдулазиз Остонақулович бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол,   бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

Бо татбиқи моддаи 7 сархати 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»  аз санаи 25 октябри соли 2019 таҳти № 1648, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Шукуров Абдулазиз Остонақулович,  аз се  як ҳисса кам карда шуд.

Ба Қаюмов Мурод Ваҳобович бо моддаи 281 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шавад.

 Бо татбиқи моддаи 7 сархати 3  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз санаи 25 октябри соли 2019 таҳти № 1648, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Қаюмов Мурод Ваҳобович,  аз се  як ҳисса кам карда шӯд.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбати ҳукми мазкур дар муҳлати даҳ шабонарўз, аз лаҳзаи эълони он, барои маҳкумшудагон аз рӯзи гирифтани нусхаи ҳукм, тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.